“Фурсати донистан”: Тартиби аз эътибор соқит кардани санади ҳуқуқии маъмурӣ чӣ гуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиби аз эътибор соқит кардани санади ҳуқуқии маъмуриро баррасӣ карданд. Сараввал ҷиҳати дуруст дарк намудани моҳияти мавзӯъ ба […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиби аз эътибор соқит кардани санади ҳуқуқии маъмуриро баррасӣ карданд.

Сараввал ҷиҳати дуруст дарк намудани моҳияти мавзӯъ ба мафҳуми санади ҳуқуқии маъмурӣ, санади маъмурӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ равшанӣ андозед.

Санади маъмурӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ мебошад, ки мақомоти маъмурӣ дар асоси қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад.

Санади ҳуқуқии маъмурӣ дар шакли хаттӣ қабул мегардад. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки ба амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд санади маъмурӣ метавонад дар шакли шифоҳӣ қабул гардад.

Бо талаби тарафи манфиатдор, инчунин дар ҳолатҳое, ки санади маъмурӣ ҳуқуқӣ манфиатҳои қонунии шахсро маҳдуд месозад, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, санади маъмурии шифоҳӣ дар давоми 3 рӯзи баъди қабул шуданаш бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад.

Беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ чӣ маъно дорад ва тартиби амалисозии ин ҷараён чӣ гуна сурат мегирад?

Санади ҳуқуқии маъмурӣ тибқи тартибе, ки барои қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ муқаррар гардидааст, беэътибор дониста мешавад. Санади ҳуқуқии маъмурӣ беэътибор дониста мешавад, агар:

– он аз ҷониби мақомоти маъмурии ваколатдорнабуда қабул шуда бошад;

– иҷрои он боиси ҳуқуқвайронкунӣ гардад;

– иҷрои он бинобар ҳолатҳои пешбининашавандае, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд, ғайриимкон бошад;

– он хилофи қонун бошад ё дигар талаботе, ки қонун нисбати таҳия ё қабули он муқаррар намудааст, ҷиддӣ вайрон карда шуда бошад.

Санади ҳуқуқии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурие, ки онро қабул кардааст, мақомоти маъмурии болоӣ ё суд беэътибор дониста мешавад.

Агар санади ҳуқуқии маъмурие, ки ҳуқуқи манфиатҳои қонунии шахсро вайрон мекунад, беэътибор дониста шуда бошад,  ба тарафи манфиатдор бояд зарари моддие, ки дар натиҷаи беэътибор донистани санади маъмурӣ ба он расонида шудааст, тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

Беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ маънои онро дорад, ки оқибатҳои ҳуқуқии баъди эътибор пайдо кардани он бавуҷудомада бекор карда мешаванд.

Дар сурати беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ шахс ҳақ дорад баргардонидани маблағи ба фоидаи мақомоти маъмурӣ пардохтааш ё дигар молу мулки додаашро талаб кунад ва дар сурати ғайриимкон будани баргардонидани ин маблағ ва молу мулк бояд пурра ҷуброн карда шавад.

Агар шахс дар асоси санади ҳуқуқии маъмурии беэътибор донисташуда ягон молу мулк гирифта бошад, ӯ вазифадор аст онро тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 1116-1124 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонад.

Аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ чӣ маъно дорад ва тартиби амалисозии ин ҷараён чӣ гуна сурат мегирад?

Санади ҳуқуқии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурие, ки  онро қабул кардааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Санади ҳуқуқии маъмурие, ки мутобиқи қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида қабул шудааст, танҳо дар мавриде аз эътибор соқит дониста мешавад, агар:

– бевосита дар қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки онро мақомоти болоӣ дар асоси қонун қабул кардааст, зикр шуда бошад;

– тибқи қонун бевосита дар санади ҳуқуқии маъмурӣ зикр шуда бошад;

– тарафи манфиатдор уҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки иҷро накардани онҳо тибқи қонун метавонад барои аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ асос гардад, иҷро накарда бошад;

– санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор бекор карда шудааст ё тағйир дода шудааст, ки дар натиҷаи он мақомоти маъмурӣ аз имконияти қабул намудани чунин санади ҳуқуқии маъмурӣ маҳрум гаштааст ва амали санади ҳуқуқии маъмурӣ метавонад ба манфиати давлат ё ҷомеа зарари ҷиддӣ расонад.

Санади ҳуқуқии маъмурӣ тибқи тартибе, ки барои қабули санади маъмурӣ муқаррар гардидааст, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ боиси бекор кардани оқибатҳои ҳуқуқие намегардад, ки то аз эътибор соқит донистани он ба вуҷуд омадаанд. Беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани қисми санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд бо риояи талаботҳои Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. 

Беэътибор ё аз эътибор соқит донистани қисми санади меъёрии ҳуқуқӣ боиси беэътибор ё аз эътибор соқит донистани дигар қисмҳои санади ҳуқуқии маъмурӣ намегардад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.