Муҳоҷири тоҷик ба чоҳи лифт афтода, ҳалок шуд

Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолатҳои ҳалокати муҳоҷир аз Тоҷикистонро дар майдони сохтмони наздикии шаҳри Санкт-Петербург таҳқиқ мекунанд. Ҳодиса дар ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленинград рух додааст, хабар медиҳад "Петербургская газета".

Ҷасади бинокори ҷавонро ҳамкоронаш дарёфт карда, мақомоти пулис ва ёрии таъҷилии тиббиро ба ҷойи ҳодиса даъват кардаанд. Табибон марги ҷавонро муайян кардаанд.

Тибқи маълумоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хабар дар бораи дарёфти ҷасади коргар дар ошёнаи чоруми сохтмони бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Мурино шоми рӯзи 6 ноябр ба шуъбаи навбатдорӣ расидааст.

Мақомоти пулис дар ҷойи ҳодиса муқаррар кардаанд, ки марди ҳалокшуда шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мебошад, ки пас аз афтидан аз баландӣ ба чоҳ (шахта)-и лифт ҳалок шудааст.

“Барои муайян кардани сабабҳои марг ҷасад ба сардхона (морг) фиристода шуд. Аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронида мешавад. Ҳолатҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешаванд”, – хабар додаанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба иттилои бархе аз ВАО-и маҳаллӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор дар майдони сохтмони маҷмааи истиқоматии “Лампо” – иншооти мушкилдори ширкати “Петрострой” рух додааст. Айни замон идомаи сохтмони ин бино аз ҳисоби маблағи Фонди кумак ба саҳмгузорони фиребхӯрда ҷараён дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...