“Амнияти варзишгарон таъмин нест”. Самбочиёни тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Бишкек ширкат намекунанд

Бо далели таъмин набудани амнияти варзишгарон, самбочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон , ки имрӯз, 11-уми ноябр, дар Бишкеки Қирғизистон оғоз ёфт, ширкат намекунанд. Носир Бозор, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо мусобиқаҳои дохилиро гузаронида, дастаи мунтахабро барои ширкат интихоб ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳоро барои сафар омода карданд, […]

Бо далели таъмин набудани амнияти варзишгарон, самбочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон , ки имрӯз, 11-уми ноябр, дар Бишкеки Қирғизистон оғоз ёфт, ширкат намекунанд.

Носир Бозор, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо мусобиқаҳои дохилиро гузаронида, дастаи мунтахабро барои ширкат интихоб ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳоро барои сафар омода карданд, вале аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои масъул посух гирифтанд, ки кафолати амнияти варзишгарон таъмин нест. Аз ин рӯ, аз сафар даст кашиданд.

“Вақте мақомоти масъули кишвар амнияти варзишгаронро кафолат намедиҳанд, мо барои ширкат дар як мусобиқа ҷони ҷавононро дар хатар гузошта наметавонем. Кишвари бегона, характери одамон гуногун, таваккал намекунем. Агар амнияти бачаҳоро  кафолат медоданд, мерафтем. Маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки мо дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат карда натавонистем”, – нигаронӣ кард Носир Бозор.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои гузаштаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон пайваста иштирок мекард. То ҳол, Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов, се паҳлавони тоҷик дар риштаи самбои варзишӣ ва Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов ду нафари дигар дар намуди самбои размӣ қаҳрамони ҷаҳон шудаанд. 

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он, аз ҷониби Тоҷикистон 41 тан ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 11-уми ноябр, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар дод, ки дар Бишкек мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо оғоз ёфт ва он то рӯзи 13-уми ноябр идома хоҳад кард.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин мусобиқа, ки миёни мардон ва занон, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон сурат мегирад, варзишгарони беш аз 50 кишвар ширкат меварзанд.

Аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ самбочиён аз Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Варзишгарон аз Беларус, Русия, инчунин Фаронса таҳти парчами Федератсияи байналмилалии самбо ширкат меварзанд.

Манбаъ навиштааст, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарон барои 21 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин 7 вазн байни мардон оид ба самбои размӣ) мубориза мебаранд.

Иштироккунандагон барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазнҳои 50 кг, 54 кг, 59 кг, 65 кг, 72 кг, 80 кг, +80 кг барои занон зерин, 58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, 98+ кг барои мардон ва  58 кг, 64 кг, 71 кг, 79 кг, 88 кг, 98 кг, 98+ кг барои самбои размӣ мубориза хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек 231 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои варзишгаре, ки медали тило мегирад, 4000 доллар ва барои медали нуқра – 3000 доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 2000-долларӣ тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.