Бозгашт ба соли 1996. Толибон вуруди занонро ба боғҳои тафреҳӣ манъ карданд

Толибон* дастур додаанд, ки ба занон дигар иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳиро надиҳанд. Ин фармон пас аз як эълони васеътаре, ки дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад, содир шуд. "Полиси ахлоқи"-и гуруҳи Толибон рӯзи чаҳоршанбе дастур додааст, ки аз ин пас дар Афғонистон ба занон иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳӣ дода нашавад. Дар ин бора […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Толибон* дастур додаанд, ки ба занон дигар иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳиро надиҳанд. Ин фармон пас аз як эълони васеътаре, ки дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад, содир шуд.

"Полиси ахлоқи"-и гуруҳи Толибон рӯзи чаҳоршанбе дастур додааст, ки аз ин пас дар Афғонистон ба занон иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳӣ дода нашавад. Дар ин бора “DW” хабар медиҳад.

Ин мамнӯъият ба як қатор маҳдудиятҳои озодии занони Афғонистон, ки аллакай бо он рӯбарӯ ҳастанд, илова мешавад, зеро Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 маҳдудиятҳоро ҳамвора дар ҳаёти ҷамъиятии зҳанону духтарон афзоиш медиҳанд.

Сухангӯи вазорати амр ба маъруфи Толибон ба хабаргузории “DW” тасдиқ кардааст, ки ба занон иҷозаи вуруд ба боғҳои тафреҳӣ манъ аст.

Ду корманди парк, ки ба далели амниятӣ нахостаанд номҳояшон ифшо шавад, ба хабаргузории Reuters гуфтаанд, Толибон ба онҳо фармон додаанд, ки занонро ба боғҳои худ иҷоза надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан вазорати амр ба маъруфи Толибон қарореро содир карда буд, ки гуфта мешуд, боғҳо бояд аз рӯи ҷинс ҷудо карда шуда, чанд рӯз барои занон низ ихтисос дода шавад.

Ин қарор бештар дар ҳама боғҳои тафреҳӣ, аз ҷумла ҷойҳои кушод ва ҳаммомҳои ҷамъиятӣ татбиқ карда мешавад.

Ин гурӯҳ ҳамчунин ба занон гуфтааст, ки бидуни хешовандони мард аз хона берун нашаванд ва рӯяшонро пӯшанд.

Занон ҳамчунин аз вазифаҳои хизматии давлатӣ хориҷ карда шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мардон онҳоро дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва баъзе самтҳои фаъолияти полис ишғол карда наметавонанд.

Ин ҳама дастурҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқи занон дар Афғонистон дар ҳоле пурзӯр мешавад, ки Толибон ваъдаи эҳтиром ба ҳуқуқи занро додаву ваъда ҳам супоридаанд, ки дар оянда шароити зисти озодонаи занонро таъмин хоҳанд кард. Иддаое, ки аксарият ба он бо шубҳа менигаранд ва бовар надоранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.