Тоҷикистону Туркия то соли 2025 мехоҳанд савдои дуҷонибаро то 1 млрд доллар расонанд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 10 ноябр бо вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш, роҳбари ҳайати расмии Туркия вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорат хабар медиҳад, Завқизода баён кард, ки ҳарчанд тиҷорати дуҷониба дар соли 2021 ба […]

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 10 ноябр бо вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш, роҳбари ҳайати расмии Туркия вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорат хабар медиҳад, Завқизода баён кард, ки ҳарчанд тиҷорати дуҷониба дар соли 2021 ба андозаи 21 фоиз ё то 391 млн. доллари амрикоӣ рушд карда бошад ҳам ҳаҷми он бо назардошти захираву имкониятҳои васеи тарафҳо моро қонеъ карда наметавонад.

Бинобар ин бо мақсади рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дутарафа таклиф намуд, ки бо истифода аз иқтидорҳои зиёди мавҷудаи дуҷониба дар Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пӯст, меваю сабзавот, хурокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шаванд, ки аз ҷониби Туркия хуш пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафари мазкур Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид, ки дар доираи он ду санади муҳим – «Харитаи роҳ барои афзоиши гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2023-2025» ва «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба имзо расонида шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зикр карданд, ки ин иқдомҳо барои то 1 млрд. доллар зиёд намудани гардиши савдои дутарафа ва ҷалби сармояи Туркия мусоидат менамоянд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон 134 ширкатҳои муштараки Туркия дар Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.

Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш изҳор дошт, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Туркия аз оғози сол ба 400 млн доллар наздик шуд.

“Аз рӯи натиҷаҳои соли равон ин нишондиҳанда ба 450 млн доллар ва солҳои наздик – то 1 млрд доллар хоҳад расид”, – изҳори итминон кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агенти омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия 260 млн долларро ташкил додааст, ки 5,8% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Дар сохтори гардиши молу маҳсулоти дуҷониба ҳудуди 144 млн доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Туркия ва 116 млн доллар ба воридоти маҳсулот аз Туркия ба Тоҷикистон рост меояд.

Завқӣ Завқизода дар навбати худ бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистонро номбар кард, ки сармоягузорони туркӣ барои рушди онҳо метавонистанд маблағгузорӣ намоянд.

Соҳаҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ ва ғайра аз ҷумлаи чунин бахшҳо арзёбӣ шуданд.

Тибқи маълуомти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, давоми солҳои 2007-2021 ҳаҷми умумии сармоягузории Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон 221,7 млн долларро ташкил медиҳад. Ин сармоя ба бахшҳои хидматрасониҳои молиявӣ, саноат ва савдо маблағгузорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.