Бори аввал. Ба Душанбе Театри лӯхтаки Бухоро ташриф овард

Имрӯз, 15-уми ноябр, бори аввал Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе бо барномаи хоса ворид гардид. Дар ин бора, аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд. Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухоро то рӯзи 22-юми ноябр дар бинои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лухтак»-и Душанбе барномаи театрии худро намоиш медиҳад. Спектакли нахустине, ки Театри вилоятии лӯхтаки […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз, 15-уми ноябр, бори аввал Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе бо барномаи хоса ворид гардид. Дар ин бора, аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухоро то рӯзи 22-юми ноябр дар бинои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лухтак»-и Душанбе барномаи театрии худро намоиш медиҳад.

Спектакли нахустине, ки Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухоро  намоиш медиҳад, ин «Табиби хасакӣ» буда, муаллиф ва коргардони он Муноҷот Эрашева мебошад.

Гуфта мешавад, ки сафари Театри вилоятии лӯхтаки Бухоро ба Душанбе пас аз имзои созишнома миёни вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Ӯзбакистон рӯйи даст гирифта шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи 20-уми ноябр, тамошобинони хурдсол метавонанд, соати 10 ба забони тоҷикӣ, соатҳои 11 ва 12 бо забони русӣ намоишҳоро тамошо намоянд.

Ҳамзамон, барои тамошобинони Душанбе лухтакбозони Бухоро «Консерти шаркӣ бо лӯхтакҳо» омода кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.