Путин дар бораи хидмати хориҷиён дар артиши Русия амр имзо кард

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 ноябр дар бораи тартиби адои хидмати шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия амр ба имзо расонид. Санади дахлдор дар ин хусус дар интернет-портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Мувофиқи амри мазкур ба Муқаррарот дар бораи тартиби адои хидмат, ки 16 сентябри соли 1999 бо амри президенти Русия, тасдиқ шуда буд, […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 ноябр дар бораи тартиби адои хидмати шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия амр ба имзо расонид. Санади дахлдор дар ин хусус дар интернет-портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мувофиқи амри мазкур ба Муқаррарот дар бораи тартиби адои хидмат, ки 16 сентябри соли 1999 бо амри президенти Русия, тасдиқ шуда буд, тағйирот ворид карда мешавад.

“Бо муқаррароти мазкур тартиби адои хидмати шаҳрвандони дорои шаҳрвандии (табааи) давлати хориҷӣ ё дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё дигар санади тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимии шаҳрванд дар қаламрави давлати хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар замони осоишта муайян карда мешавад”, – гуфта мешавад дар амр.

Қаблан рӯзи 30 сентябр Владимир Путин амри дигареро ба имзо расонида буд, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар бораи адои хидмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия қарордод бастаанд, метавонанд бо тартиби содашуда шаҳрвандии Русияро гиранд. Акнун хориҷиён низ ба мисли русиягиҳо метавонанд барои хидмат дар артиш қарордод имзо кунанд. Русиягиҳои дорои шаҳрвандии кишвари дуюм ба хидмати ҳатмии ҳатмӣ даъват мешаванд.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар шаҳрҳои ин кишвар кору зиндагӣ мекарданд, огоҳ намуд, ки барои иштирок дар амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.