Ятимов ва Тошиев дар Душанбе хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд

Дирӯз, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир –  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласаи навбатии оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва […]

Дирӯз, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир –  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласаи навбатии оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

“Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад”, – гуфт мешавда дар иттилоия.

Ин ниҳшод гуфт, ки Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Дар бораи ҷузъияёти нишаст хабар дода намешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад.

Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он, аз ҷониби Тоҷикистон 41 тан ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.