Дар роҳи Душанбе –Чаноқ посгоҳҳои сайёр ташкил шуд. То 18-уми ноябр хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

Аз 16-18-уми ноябр ҳаво якбора сард шуда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад. Дар ин бора КҲФ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин гуна рӯзҳо сафарҳои безарурати худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, […]

Asia-Plus

Аз 16-18-уми ноябр ҳаво якбора сард шуда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад. Дар ин бора КҲФ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин гуна рӯзҳо сафарҳои безарурати худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд.

"Дар ин рӯзҳо, ки ҳаво сард аст, риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор барои ҳамаи касоне, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, ҳатмист",-таъкид намудааст КҲФ.

Гуфта мешавад барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи зимистон ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд.

Ба иттилои КҲФ, роҳҳои дигари кӯҳии кишвар аз ҷониби кормандони КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ назорат карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 18 октябр дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон барфи аввал борид. Бо шуруъи мавсими сардӣ, фуромадани тарма ба роҳҳои кишвар, махсусан роҳи Душанбе-Чаноқ зиёд ба назар мерасад. Дар натиҷа, барои чанд муддат ин роҳ баста шуда, чанд нафра ҳам дар натиҷаи он ҳалок шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.