“Сангари худро тарк накард”. Даргузашти сарбози тоҷик, ки дар низои марзӣ захмӣ шуда буд

Оқилҷон Одиназода, як сарбози тоҷике, ки дар низоъҳои ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон захм бардошта буд, дирӯз, 15-уми ноябр, аз олам даргузашт ва дар зодгоҳаш ноҳияи Тоҷикобод ба хок супорида шуд. Дар ин бора Сӯҳроб Ваҳҳобзода, як корбари шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабар медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Оқилҷон Одиназодаи 22 сола, баҳори соли 2021 ба сафи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Оқилҷон Одиназода, як сарбози тоҷике, ки дар низоъҳои ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон захм бардошта буд, дирӯз, 15-уми ноябр, аз олам даргузашт ва дар зодгоҳаш ноҳияи Тоҷикобод ба хок супорида шуд. Дар ин бора Сӯҳроб Ваҳҳобзода, як корбари шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Оқилҷон Одиназодаи 22 сола, баҳори соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста буд ва дар яке аз воҳидҳои низомии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд хидмат мекард.

“Дар даргириҳои хунин дар Исфара дар муқобили душмани паймоншикан ҷангид ва шадидан маҷрӯҳ шуд, вале сангари худро тарк накард”, – гуфтааст Ваҳҳобзода.

Ӯ афзуд, марҳум чанд муддат дар бемористони шаҳри Хуҷанд ва як моҳи ахир дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Ду бор ҷарроҳӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар маросими дафни ӯ дар зодгоҳаш муовини фармондеҳи Сарраёсати Қушунҳои Сарҳадии КДАМ, сардори Раёсати КДАМ дар ноҳияи Рашт, сардори Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт, раиси ноҳияи Рашт, раиси ноҳияи Тоҷикобод, командирони воҳидҳои низомии минтақаи Рашт ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон ба иттилои расмӣ 59 нафар ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хонаводаи оилаҳое, ки дар натиҷаи ин низоъҳо аз олам даргузаштанд, кӯмакҳои гуногун ироа кард ва барои поси хотири қурбониён парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро қабул намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.