БАОР кишварҳои минтақаро ба истифодаи муштараки иқтидори энергетикии Тоҷикистон даъват кард

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иқтидори зиёди гидроэнергетикӣ доранд, ки камтар аз 10%-аш истифода мешавад, изҳор доштааст мудири рушди устувори Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Конрад Албрехт. Ба гуфтаи ӯ, иқтидори гидроэнергетикии минтақа дар ҳаҷми 310,1ТВсоат/дар як сол вобаста ба мавҷудияти захираҳои обӣ дар кишварҳо аз ҳам фарқ дорад. “Даштҳои беканори хушку нимхушк дар Қазокистон, Ӯзбекистон ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иқтидори зиёди гидроэнергетикӣ доранд, ки камтар аз 10%-аш истифода мешавад, изҳор доштааст мудири рушди устувори Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Конрад Албрехт.

Ба гуфтаи ӯ, иқтидори гидроэнергетикии минтақа дар ҳаҷми 310,1ТВсоат/дар як сол вобаста ба мавҷудияти захираҳои обӣ дар кишварҳо аз ҳам фарқ дорад.

“Даштҳои беканори хушку нимхушк дар Қазокистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иктидорашон кам ё тамоман надоранд. Минтақаҳои кӯҳии шарқ ва ҷанубу шарқи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон (61,1% иқтидори умумӣ), Қирғизистон (19,4%) ва қисман Қазоқистон (12,1%) захираҳои зиёди об доранд ва дар ин ҷойҳо боришот низ зиёд аст”, – гуфтааст Албрехт зимни Конфронсии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 27).

Ӯ таъкид доштааст, ки дар Қирғизистон ва Тоҷикистон зиёда аз 90%-и неруи барқ дар неруҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Намояндаи Бонк зикр кардааст, ки аз лиҳози иқтидори гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон зинаи 8-умро ишғол намуда, аз ин иқтидор ҳамагӣ 4-5% истифода мешавад.

“Рушди муштараки комплекс дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия метавонад ба 1,5% рушди ММД дар як сол, 40% беҳбуди таъминот бо об ва ҷаби сармоягузории иловагӣ ба маблағи 22 млрд доллар мусоидат намояд”, –  иброз доштааст Конрад Албрехт.

Дар суханронии худ ӯ ба нақши болоравандаи гидроэнергетика, бахусус дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

“Аввал, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ сармоягузориҳои назаррасро талаб намуда, лекин хароҷоти истифодааш кам буда, муҳлати истифодааш тӯлонӣ – 40-50 солро ташкил медиҳад ва бо қисман таъмиру таҷдид то 100 сол буда метавонад.

Дуюм, нерӯи барқи обӣ вобастагӣ аз сӯзишвории воридшударо коҳиш медиҳад, ки бо хатари ноустувории нархҳо, номуайянии таъминот ва талаботи асъори хориҷӣ алоқаманд аст.

Сеюм, низомҳои гидротехникӣ метавонанд манфиатҳои зиёд дошта бошанд, аз ҷумла захираи оби ошомиданӣ ва захираҳои об барои обёрӣ, омодагӣ ба хушксолӣ, муҳофизат аз обхезӣ, моҳипарварӣ, имконияти бунёди иншооти истироҳату фароғат ва ғайра.

Ва ниҳоят, гидроэнергетика метавонад имкон диҳад, ки энергияи бештар барқароршаванда, махсусан шамол ва офтоб ба низом илова карда шавад ва инчунин барои истеҳсоли гидрогени сабз (гидрогене, ки пурра аз ҳисоби энергияи барқароршаванда истеҳсол мешавад) имконот фароҳам орад”, – шарҳ додааст Конрад Албрехт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.