Дар Самарқанд лоиҳаи нави рушди низоми энергетикии Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардид

Date:

Имрӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо  “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардид, ки дар он намояндагони мақомоти энергетикии панҷ кишвари ОМ якҷо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Лоиҳаи “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” бо буҷаи умумии 6,8 млн доллар барои роҳандозии тавозуни устувори энергетикӣ дар минтақа бо назардошти таҷрибаи ИА таҳия ва пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, ин лоиҳа таҳкими сиёсати миллӣ оид ба  гузариш ба низоми устувори энергетикӣ ва афзоиши сармоягузорӣ, рушди энергетикаи барқароршавандаро дар назар дорад.

Ҳамчунин, дар доираи ин лоиҳа, рушди иқтидори минтақа дар самти нерӯи барқи офтобӣ, бодӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни ин конфронс оид ба ҳадаф ва нақшаҳои худ, ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур дар кишварҳои худ иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки ин конфронс дар доираи ҳамоиши ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Дарвозаи ҷаҳонӣ, ки бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ ва Ҷозеп Боррел, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо, пагоҳ, 18-уми, ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, ҷараён гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...