Қазоқистону Ӯзбекистон доир ба гирифтани об аз Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ созиш ҳосил карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қазоқистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли об тариқи обанбори “Баҳри тоҷик” (собиқ Қайроққум), ки аз Тӯхтагул партоб мешавад, созиш ҳосил кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Казинформ” бо истинод ба вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Сериккали Брекешев.

Ин ҷо сари интиқоли об аз ҷониби Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ, ки Қазоқистон аз ҳисоби ҳиссаи Қирғизистон дар дарёи фаромарзии Сирдарё мегирад, сухан меравад.

“Ҳамчунин шартҳои истифодаи обанбори “Баҳри тоҷик” низ мувофиқа шуданд. Шартҳои мазкур дар шаҳри Душанбе дар протоколи сеҷониба (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) зикр шудааст”, – гуфтааст Брекешев.

Дар хабар саҳеҳ маълумот дода намешавад, ки ба ивази захираҳои обӣ аз ҳисоби лимити Тоҷикистон ин кишварҳо чӣ медиҳанд.

Тобистони соли равон зикр шуда буд, ки Қазоқистон ва Ӯзбекистон реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик”-ро дар давраи авҷи мавсими обёрӣ бо Тоҷикистон мувофиқа мекунанд, то ки кишоварзони вилоятҳои Қизилорда ва Туркистон бо об таъмин карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки солҳои ахир дар минтақаҳои ҷануби Қазоқистон камбуди об ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими обёрии соли гузашта Қазоқистон ба ивази об ба Тоҷикистон техника ва бо нархҳои дастрас сӯзишворӣ дод.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) 1 млрд 910 млн метри мукааб муқаррар мешавад. Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...