Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи навбатии СААД ба Арманистон меравад

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки пагоҳ, 23-юми ноябр дар Арманистон баргузор мегардад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, роҳбари давлат 23-юми ноябр барои ширкат дар ин чорабинӣ ба Арманистон сафар мекунад.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Аъзамшо Шарифӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои хориҷӣ, Маҳмудзода Насрулло, котиби Шӯрои амният ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии СААД суханронӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони кишварҳои СААД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси САА дар шаҳри Маскави Русия ширкат карда буд.

Дар соли 2022 садорати СААД ба Арманистон дода шуд. 

Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Ӯзбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...