Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи навбатии СААД ба Арманистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки пагоҳ, 23-юми ноябр дар Арманистон баргузор мегардад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, роҳбари давлат 23-юми ноябр барои ширкат дар ин чорабинӣ ба Арманистон сафар мекунад. Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки пагоҳ, 23-юми ноябр дар Арманистон баргузор мегардад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, роҳбари давлат 23-юми ноябр барои ширкат дар ин чорабинӣ ба Арманистон сафар мекунад.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Аъзамшо Шарифӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои хориҷӣ, Маҳмудзода Насрулло, котиби Шӯрои амният ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии СААД суханронӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони кишварҳои СААД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси САА дар шаҳри Маскави Русия ширкат карда буд.

Дар соли 2022 садорати СААД ба Арманистон дода шуд. 

Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Ӯзбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.