Ҷозеп Боррел: Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳи мусолиҳатомез бояд ҳал шавад

18-уми ноябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Дарвозаи ҷаҳонӣ (Global Gateway) баргузор гардид, ки дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо Ҷозеп Боррел иштирок доштанд. Ин конфронс бо ибтикори Иттиҳоди Аврупо […]

18-уми ноябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Дарвозаи ҷаҳонӣ (Global Gateway) баргузор гардид, ки дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо Ҷозеп Боррел иштирок доштанд.

Ин конфронс бо ибтикори Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, ҳадафи аслии он мустаҳкамгардонии равобити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо буд. Зимни ин ҳамоиш се мавзӯи меҳварӣ – ҳамбастагии рақамӣ, нақлиётӣ ва энергетикӣ баррасиву муҳокима гардид. Ҷозеп Боррел таъкид намуд, ки дар ҳар се самт ИА роҳҳои ҳамкории қавитарро ҷустуҷӯ намуда, имкониятҳои сармоягузориро муайян мекунад ва ҳамин тавр, равобити мутақобилаи ду минтақаро боз ҳам бештар мустақкам менамояд.

Пас аз анҷоми ин конфронс Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо бо журналистони минтақа дидор намуда, ба саволҳои онҳо посух дод. Аз ҷумла, ҷаноби Боррел ба саволҳои журналистони тоҷик, ки дар конфронс ҳузур доштанд, низ ҷавоб дод, ки онро манзури хонандагон менамоем.

-Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди таъйини хатти марз баҳс доранд ва ин баҳсҳо боиси даргириҳои мусаллаҳона бо талафоти ҷонӣ мешаванд. Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон чӣ иқдоме метавонад рӯйи даст бигирад?

– Ин баҳси сарҳадӣ барои об нишон медиҳад, ки тағирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон бесуботӣ ва мушкилотро ба вуҷуд меорад. Ин баҳс бо тағирёбии иқлим шадидтар шуд ва мо аз ибтидо ҷонибдори созиши сулҳомез ҳастем, музокиротро ҷонибдорӣ мекунем ва маслиҳатҳои техникӣ оид ба ҳамкорӣ барои делимитатсияи сарҳад ва идоракунии об пешниҳод менамоем.

Мо медонем, ки об захираи хеле арзишманд аст. Он на танҳо барои истеҳсоли нерӯи барқ, балки барои обёрӣ низ истифода мешавад, аз ин рӯ ҳама истифодабарандагонро ба назар гирифтан лозим аст. Мо тарафдори гуфтушунид бо сокинони маҳаллӣ барои ҳалли осоишта ва созиши мувофиқомез ҳастем ва инчунин, омодаем, ки барои халли он заминаи техникӣ фароҳам оварем.

-Оё фикр намекунед, ки ҳоло таваҷҷуҳи асосӣ ба низоъ дар Украина нигаронида шуда, яке аз таҳдидҳои аслӣ ба Осиёи Марказӣ – вазъи норавшан ва печидаи Афғонистон фаромӯш шудааст?

-Як сол пеш ҳама дар бораи Афғонистон ҳарф мезаданд ва имрӯз Афғонистон дар сархати хабарҳо нест. Албатта, дар Украина ҷанг идома дорад. Ин ҷанг фоҷиа аст, ин ҳамлаи Русия ба қаламрави Украина, нақзи қонунҳои байналмилалӣ, истифода аз “ҳуқуқи қавитар”, кушта шудани ҳазорон нафар ва харобии комили кишваре, ки ҳамсояи мост. Миллионҳо украиниҳо зимистони имсол аз нерӯи барқ маҳруманд ва миллионҳо украиниҳо гурехта, дар кишварҳои мо паноҳ меёбанд – албатта, мо бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунем. Ва мо ҳамин тавр ҳам мекунем.

Аммо ин маънои онро надорад, ки мо Афғонистонро фаромӯш кардаем. Аз суқути Кобул як сол пеш, мо ба мардуми афғон ҳудуди 400 миллион евро кӯмаки башардӯстона расондем. Албатта, мо намехоҳем режими Толибонро эътироф кунем, мо намехоҳем бо онҳо ҳамкорӣ дошта бошем, то он даме, ки онҳо ҳуқуқи занону духтаронро эътироф накунанд, ки онҳо намехоҳанд. Аммо мо барои мардуми Афғонистон ғамхорӣ мекунем ва ба онҳо тавассути ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид кӯмаки башардӯстона мерасонем.

Ин аст он чизе, ки мо карда метавонем ва мекунем. Аммо аз нигоҳи сиёсӣ мо режими Толибонро эътироф намекунем, намегӯем, ки онҳо ба кишвар субот ва шукуфоӣ меоранд ва минбаъд низ аз ҳар гуна ҳамкории сиёсӣ бо ин режим худдорӣ мекунем. Дар баробари ин, мо аз Украина пуштибонӣ хоҳем кард. Ман фикр мекунам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кишвареро дастгирӣ кунад, ки аз ҷониби як кишвари дигар таҷовуз шудааст ва нобуд карда мешавад.

Русия наметавонад дар ин ҷанг пирӯз шавад, вай дар он мағлуб мешавад, қаламравҳоро забт карда наметавонад, аммо онро несту нобуд мекунад. Ҳама бояд ин ҳамларо маҳкум кунанд ва ҳама аз он чӣ дар Афғонистон мегузарад, огоҳ бояд бошанд.

-Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар доираи барномаи тағйирёбии иқлим чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Хуб, рӯзномаи тағирёбии иқлим кори умумист. Ҳеҷ кас наметавонад танҳо "проблемаҳои иқлимро ҳал» кунад. Ҳама бояд саҳмгузор бошад. Кишвари шумо имкони ба даст овардани иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ дорад ва аз ин рӯ, шумо барои тезтар гузариш ба иқтисоди бекарбон мешитобед. Ва ин хуб аст. Омодагии шумо барои то дараҷаи сифр овардани ихроҷи карбон хеле хуш пазируфта мешавад.

Ихроҷи гази карбон дар Иттиҳоди Аврупо 8% аз ихроҷи ҷаҳониро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки ҳатто агар фардо мо тамоми ихроҷи худро қатъ кунем, мушкилот ҳамоно боқӣ мемонад – 92% ихроҷи газ дар ҷаҳон. Аз ин рӯ, мо бояд эътилофи кишварҳои ҷаҳон, бо ҳамроҳ сохтани бузургтарини онҳо, масалан Чин, таъсис диҳем. Ҳалли мушкилоти иқлим бе иштироки Чин ғайриимкон аст. Танҳо Чин баробар бо тамоми ҷаҳон ангишт месӯзад.

Мақсади гуфтушунид ҳамин аст ва мо бояд аз он кишварҳое миннатдор бошем, ки имкони таъмин кардани микдори зиёди нерӯи барқро доранд ва метавонанд ин имкониятро бо дигарон, бо ҳамсояҳои худ истифода баранд. Як қисми нерӯи барқи шумо истеҳсолнамударо мамлакатҳои ҳамсоя истеъмол мекунанд, ва дар ин сурат шумо ба коҳиши ихроҷи глобалии гази карбон мусоидат менамоед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.