Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина ва чанд кишвари дигарро ба ҳузур пазируфт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дирӯз, 21-уми ноябр, аз сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина, Аргентина, Мексика ва як қатор кишварҳои дигар эътимоднома қабул карда, бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони Иттиҳоди Аврупо – Раймундас Кароблис, Латвия – Рейнис Трокша, Шветсия – Томас Данестад, Финляндия – Илка Райсанен ва Юнон – Екатерина Насикаро ба ҳузур пазируфт ва эътимодномаҳояшонро қабул кард.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия – Семён Григорев, Куба – Оскар Сантана Леон, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика – Гилермо Алехандро Пуэнте, Аргентина – Леополдо Франисико Саорес, Чад – Маҳамуд Адам Башир ва Гана – Эрик Овусу-Боатенг пазируфтааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо итминон иброз доштааст, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногусоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...