СААД ба кумак ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон омода аст

Имрӯз дар ҷаласаи мақомоти оинномавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Ереван дабири кулли Созмон Станислав Зас изҳор дошт, ки Созмон барои кумак ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон имкону захираҳо дорад. “Дар минтақаи Осиёи Марказӣ мо ба эътидоли минбаъдаи муносибатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳем. Мо чунин мешуморем, ки […]

Asia-Plus

Имрӯз дар ҷаласаи мақомоти оинномавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Ереван дабири кулли Созмон Станислав Зас изҳор дошт, ки Созмон барои кумак ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон имкону захираҳо дорад.

“Дар минтақаи Осиёи Марказӣ мо ба эътидоли минбаъдаи муносибатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳем. Мо чунин мешуморем, ки СААД захираву таҷрибаи зарурӣ дорад, то ки дар расидан ба ин ҳадаф ба ду кишвар кумак кунад”, – овардааст гуфтаҳои Засро РИА Новости.

Ба гуфтаи ӯ, агар Тоҷикистону Қирғизистон лозим донанд, СААД метавонад дар ин масъала ба онҳо мусоидат намояд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Ереван иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ба кор шурӯъ кард. Дар ҷаласа масоили муҳими амнияти баайнулмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуда, аз фаъолияти Созмон дар давраи байни иҷлосияҳо натиҷагирӣ мешавад. Ҳамчунин буҷети СААД барои соли 2023 баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов чанде пеш изҳор намуда буд, то замоне, ки байни кишварҳо як довар, масалан аз ҳамон СААД бо вазифаҳои оташбас ва аз сарҳади давлатӣ дур бурдани техникаи вазнини мусаллаҳ қарор нагирад, мухолифат давом хоҳад ёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.