“Бо суръати баланд ба панҷара бархӯрд”. Милитсияи Душанбе сарозер шудани таксиро аз болои пул шарҳ дод

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

 

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) сарозер шудани таксиро аз болои пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ҳодиса тақрибан соати 13:10-и имрӯз рух дод ва маҳз суръати баланд боиси садама шудааст. Дар ин садама як нафар захмӣ гардидааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо пахши иттилоия гуфт, ронандаи автомошинаи "Киа Рио" Хуршед Ҳалимов “дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои купруки хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрад”.

“Дар натиҷа, панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, воситаи нақлиёти тамғаи "Киа Рио" аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Ганҷавӣ сарозер мегардад”, – гуфта шудааст дар хабари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод менависад, ки ҳангоми рух додани ин ҳодиса, аз зери пул автобус мегузашт ва панҷараи шикаста “ба оинаи тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст”.

Бино бар навиштаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи ин ҳодиса як мусофири автомашинаи тамғаи "Киа Рио", ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки оид ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки аксу навори сарозер шудани як таксӣ аз болои пули хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ баъди зуҳри имрӯз, 28-уми ноябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси ҳадсу гумонҳои зиёд гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...