“Истиқлол” бори 11-ум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба медалҳои тиллои Чемпионати 31-уми футболи Тоҷикистон байи дастаҳои Лигаи олӣ соҳиб шуд. Медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионат насиби дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд шуданд.

Дар ин мавсим “Истиқлол” ҳамчунин бори 11-ум Суперҷоми футбол ва бори 9-ум Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, дар мавсими оянда “Истиқлол дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва дастаҳои “Равшан”-у Хуҷанд” дар Ҷоми КФО Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи “Б” ду даста аз вилояти Суғд – “Истаравшан” ва “Равшан”-и Зафаробод лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд.

Ғолиби Лигаи якум “Ҳосилот”-и Фархор ва дорандаи медаҳои нуқра – “Кӯктош” ҳуқуқи ҳунарнамоӣ дар Лигаи олии футболи кишварро пайдо карданд.

Ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов бо 16 тӯб дар мавсим нишондани беҳтарини Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 дониста шуд.

Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат дар чемпионати Тоҷикистон-2022 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозии даври 23-юми лигаи олӣ бо тими «Хуҷанд» (2:0) рӯзи 24 ноябр ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...