“Истиқлол” бори 11-ум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба медалҳои тиллои Чемпионати 31-уми футболи Тоҷикистон байи дастаҳои Лигаи олӣ соҳиб шуд. Медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионат насиби дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд шуданд. Дар ин мавсим “Истиқлол” ҳамчунин бори 11-ум Суперҷоми футбол ва бори 9-ум Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, дар мавсими […]

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба медалҳои тиллои Чемпионати 31-уми футболи Тоҷикистон байи дастаҳои Лигаи олӣ соҳиб шуд. Медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионат насиби дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд шуданд.

Дар ин мавсим “Истиқлол” ҳамчунин бори 11-ум Суперҷоми футбол ва бори 9-ум Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, дар мавсими оянда “Истиқлол дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва дастаҳои “Равшан”-у Хуҷанд” дар Ҷоми КФО Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи “Б” ду даста аз вилояти Суғд – “Истаравшан” ва “Равшан”-и Зафаробод лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд.

Ғолиби Лигаи якум “Ҳосилот”-и Фархор ва дорандаи медаҳои нуқра – “Кӯктош” ҳуқуқи ҳунарнамоӣ дар Лигаи олии футболи кишварро пайдо карданд.

Ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов бо 16 тӯб дар мавсим нишондани беҳтарини Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 дониста шуд.

Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат дар чемпионати Тоҷикистон-2022 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозии даври 23-юми лигаи олӣ бо тими «Хуҷанд» (2:0) рӯзи 24 ноябр ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.