Чин дар шимоли Тоҷикистон 4 қитъаи шоҳроҳҳоро таъмиру таҷдид мекунад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи China Railway Wuju (Group) ҷаноби Чжан Лян рӯзи 25 ноябр Қарордодро оид ба сохтмони чаҳор қитъаи шоҳроҳҳо дар вилояти Суғд ба имзо расониданд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, масофаи умумии қитъаҳо 51,2 километрро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, корҳо дар доираи лоиҳаи Марҳилаи […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи China Railway Wuju (Group) ҷаноби Чжан Лян рӯзи 25 ноябр Қарордодро оид ба сохтмони чаҳор қитъаи шоҳроҳҳо дар вилояти Суғд ба имзо расониданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, масофаи умумии қитъаҳо 51,2 километрро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, корҳо дар доираи лоиҳаи Марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ иҷро шуда, бо ин мақсад 56,6 млн доллар ҷудо карда мешавад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз Паймонкор даъват ба амал овард, ки корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрҳо бояд босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом дода шаванд.

“Дар ҷараёни татбиқи лоиҳа Паймонкор бояд кормандони баландихтисоси муҳандисӣ-техникиро ҷалб ва 90%-и коргарони лоиҳаро аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор гирад”, – таъъкид доштааст Азим Иброҳим.

Зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Куруш-Бекобод ба дарозии 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров ба дарозии 22,0 километр, азнавсозии қитъаҳои роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ҳистеварз – дарозиаш 6,6 километр ва Конибодом — Кучкак ба дарозии 10,3 километрро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр низ сохта мешаванд.

China Railway Groupи Чин яке аз бузургтарин ширкатҳои сохтмони Чин ва яке аз бузургтарин дар ҷаҳон паймонкор дар соҳаи зерсохтори нақлиёт (ба сафи 40 ширкати бузургтарини кишвар ва 500 ширкати бузургтарини ҷаҳон шомил аст) мебошад.

Ширкати мазкур соли 2007 таъсис дода шуда, бастаи назоратии саҳмияҳояш ба ширкати давлатии холдингии China Railway Engineering Corporation тааллуқ дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.