Нигаронии Раҳмону Макрон ва даъвати Путин аз Афғонистон. Вокуниши Толибон ба изҳороти президентҳо

Намояндаи Толибон* ба гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон, сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса, ки вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистонро баррасӣ карданд, вокуниш нишон додааст. Дар ин бора Телевизиони “Тулӯъ” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон дар посух ба ин гуфтугӯи телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса гуфтааст, “сулҳу субот […]

Намояндаи Толибон* ба гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон, сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса, ки вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистонро баррасӣ карданд, вокуниш нишон додааст. Дар ин бора Телевизиони “Тулӯъ” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон дар посух ба ин гуфтугӯи телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса гуфтааст, “сулҳу субот дар Афғонистон кафолат дода шудааст ва ҳоҷат ба нигаронӣ нест”.

“Кишварҳо бояд барои анҷоми тааҳҳуд ва масъулиятҳои худ дар заминаи таъмини равобиташон иқдом кунанд, дар кишвар (Афғонистон) тамоми қаламрав таҳти амнияти ҳамаҷониба қарор дорад”, – гуфтааст Билол Каримӣ.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса аз ҳолати кунунии Афғонистон нигаронӣ карда, атрофи вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор кард.

Ин изҳороти намояндаи Толибон дар ҳолест, ки вазъи Афғонистон рӯз ба рӯз печидатар мегардад ва сокинони он аз бесуботиву вазъи бади иқдисодиву иҷтимоии кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Созмонҳои байналмилалӣ низ пайваста аз таъқибу кушторҳои қавмӣ гузоришҳо нашр мекунанд. Созмони Миллаи Муттаҳид низ ахиран Толибонро ба “ҷиноятҳои ҷангӣ” алайҳи занон муттаҳам намуд.

Ҳамчунин, Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон ба суханронии Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, низ дар Ереван, ки ҳукумати ҳамашумулро талаб дошт, вокуниш карда, гуфтааст, “ташкили Ҳукумат дар Афғонистон бояд танҳо ба худи афғонҳо вобаста бошад”.

“Ташаккули як низоми сиёсӣ ва ташкили ҳукумати эътилофӣ (дар Афғонистон) кори дохилии кишвар аст ва Имороти исломӣ ҳамчун ҳукумати кунунии Афғонистон ба нафъи мардуми афғон тасмим мегирад”, – гуфтааст Каримӣ.

Ин намояндаи Толибон дар хусуси тааҳҳуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф зада, дар хусуси тааҳҳуди ин гуруҳ, ғасби қудрат дар Афғонистон ва беш аз як соли ҳуқумати ғариқонунӣ дар ин кишвар чизе нагуфтааст.

Ин ҳама нигарониву гуфтумонҳо дар атрофи Афғонистон дар ҳолест, ки дар назар аст, рӯзҳои наздик Душанбе мизбони конфронси байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” гардад.

Раиси Институти мутолеоти стратегии Афғонистон, Довуди Муродиён, ки дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолаоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро дорад, гуфтааст дар “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” намояндагон ҳам аз Афғонистон, ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳон даъват шудаанд.

“Яъне ин конфронси байнулафғонӣ нест, минтақаӣ ҳам нест, балки байнулмилалӣ аст. Ширкаткунандагон аз ҷумлаи коршиносон ва намояндагони расмӣ аз Афғонистон, кишварҳои минтақа ва фароминтақа хоҳанд буд. Дар умум, конфронс ба тарафдорӣ аз касе ҳам нест, алайҳи касе ҳам нест”, – гуфт Муродиён.

Бино ба иттилои ӯ, дар умум 120 меҳмон ва ширкаткунанда аз ҷумлаи коршиносон, сиёсиён, намояндагони мақомоти расмӣ, сафоратҳо ва рӯзноманигорон, ба “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, аз ҷумла 40 нафар аз Афғонистон, 40 нафар аз кишварҳои хориҷӣ ва 40 нафар аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.