Медали нуқраи Темур Раҳимов дар чемпионати бошгоҳҳои Аврупо

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Гурҷистон рӯзи 26 ноябр мусобиқаи пурқувваттарин дастаҳои бошгоҳии Аврупо Лигаи қаҳрамонҳо оид ба ҷудо баргузор шуд.

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар ҳайати бошгоҳи “Ред Стар” (Сербия) ҳунарнамоӣ карда, ба дарёфти медали нуқраи Лига шарафёб шуд.

Зинаи аввалро соҳибони майдон аз бошгоҳи “Файтерс Тбилиси” (Гурҷистон) ишғол намуданд.

Бошгоҳҳои "Голден Гори" (Гурҷистон) ва "Штабия" (Испания) ба медаҳои биринҷии мусобиқа соҳиб шуданд.

Аз 8 бошгоҳе, ки дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо иштирок карданд, 3-тоаш Гурҷистон, 2 – Фаронса ва 1-тогӣ Сербия, Испания ва Юнонро намояндагӣ карданд. Мусобиқа дар 5 вазн – 66, -73, -81, -90, +90 кг сурат гирифта, Раҳимов дар вазни +90 кг қувваозмоӣ кард.

Қобили зикр аст, ки Темур Раҳимов ҳоло ҳам дар мақоми аввали радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 100 кг қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Большой шлем), ки аз 4 то 6 ноябр дар Боку баргузор шуд, Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Барои ғалаба дар Боку шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов хонаи дуҳуҷрагӣ ҳадя кард.

Ба ғайр аз медали тилло дар Боку, Темур Раҳимов имсол дар Абу-Дабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб), Тел-Авив (Исроил) ва Анаталия (Туркия) медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...