Медали нуқраи Темур Раҳимов дар чемпионати бошгоҳҳои Аврупо

Дар Гурҷистон рӯзи 26 ноябр мусобиқаи пурқувваттарин дастаҳои бошгоҳии Аврупо Лигаи қаҳрамонҳо оид ба ҷудо баргузор шуд. Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар ҳайати бошгоҳи “Ред Стар” (Сербия) ҳунарнамоӣ карда, ба дарёфти медали нуқраи Лига шарафёб шуд. Зинаи аввалро соҳибони майдон аз бошгоҳи “Файтерс Тбилиси” (Гурҷистон) ишғол намуданд. Бошгоҳҳои "Голден Гори" (Гурҷистон) ва "Штабия" (Испания) ба […]

Дар Гурҷистон рӯзи 26 ноябр мусобиқаи пурқувваттарин дастаҳои бошгоҳии Аврупо Лигаи қаҳрамонҳо оид ба ҷудо баргузор шуд.

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар ҳайати бошгоҳи “Ред Стар” (Сербия) ҳунарнамоӣ карда, ба дарёфти медали нуқраи Лига шарафёб шуд.

Зинаи аввалро соҳибони майдон аз бошгоҳи “Файтерс Тбилиси” (Гурҷистон) ишғол намуданд.

Бошгоҳҳои "Голден Гори" (Гурҷистон) ва "Штабия" (Испания) ба медаҳои биринҷии мусобиқа соҳиб шуданд.

Аз 8 бошгоҳе, ки дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо иштирок карданд, 3-тоаш Гурҷистон, 2 – Фаронса ва 1-тогӣ Сербия, Испания ва Юнонро намояндагӣ карданд. Мусобиқа дар 5 вазн – 66, -73, -81, -90, +90 кг сурат гирифта, Раҳимов дар вазни +90 кг қувваозмоӣ кард.

Қобили зикр аст, ки Темур Раҳимов ҳоло ҳам дар мақоми аввали радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 100 кг қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Большой шлем), ки аз 4 то 6 ноябр дар Боку баргузор шуд, Темур Раҳимов дар вазни зиёда аз 100 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид.

Барои ғалаба дар Боку шаҳрдории Душанбе ба Темур Раҳимов хонаи дуҳуҷрагӣ ҳадя кард.

Ба ғайр аз медали тилло дар Боку, Темур Раҳимов имсол дар Абу-Дабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб), Тел-Авив (Исроил) ва Анаталия (Туркия) медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.