Сафири ИМА дар Тоҷикистон нав мешавад. Ваколати Ҷон Марк Поммершайм ба анҷом расидааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ваколати Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон ба  охир расидааст ва ӯ ба ин муносибат бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ, имрӯз, 28-уми ноябри соли 2022 сурат гирифтааст ва дар он “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд”.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷон Марк Поммершайм барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷон Марк Поммершайм 18-уми  сентябри соли 2018 аз сӯи Доналд Трамп президенти вақти ИМА сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин гардида буд. Ӯ 22-юми феврали соли 2019 савганд ёд кард ва 11-уми  марти соли 2019 ба Тоҷикистон омад. Рӯзи 15-уми  марти соли 2019 Поммершайм эътиборномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон супорид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...