Бо ҳузури мақомдорони собиқи Афғонистон ва бидуни намояндаи Толибон. Дар Душанбе вазъи Афғонистон баррасӣ мешавад

Date:

Имрӯз, 29-уми ноябр, дар Душанбе конфронси байналмилалии илмии "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо" дар ҳошияи нишасти "Гуфтугӯи амниятии Ҳирот"бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон ва коршиносони Тоҷикистону минтақа ифтитоҳ шуд.

Ҳамчунин, дар ин конфронс Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа, Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Рангин Додфар Сипанто, раиси ҳайъати машваратии Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, Аҳмад Валӣ Масъуд, яке аз роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва намояндагони давлатҳои Амрикову Русия иштирок доранд.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки намояндагони Толибон* низ барои иштирок дар конфрон даъват шуда буданд, аммо ҳеҷ яке аз намояндаи ин гуруҳ дар ҳамоиш иштирок надорад.

Дар назар аст, ки конфронси байналмилалии мазкур ду рӯз идома карда, дар он вазъияти амниятии Афғонистон ва минтақа, ташкили ҳукумати фарогир ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон баррасӣ карда шавад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...