Бо ҳузури мақомдорони собиқи Афғонистон ва бидуни намояндаи Толибон. Дар Душанбе вазъи Афғонистон баррасӣ мешавад

Имрӯз, 29-уми ноябр, дар Душанбе конфронси байналмилалии илмии "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо" дар ҳошияи нишасти "Гуфтугӯи амниятии Ҳирот", бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон ва коршиносони Тоҷикистону минтақа ифтитоҳ шуд. Ҳамчунин, дар ин конфронс Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа, Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 29-уми ноябр, дар Душанбе конфронси байналмилалии илмии "Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва рақамҳо" дар ҳошияи нишасти "Гуфтугӯи амниятии Ҳирот"бо иштироки мақомдорони ҳукумати то суқути Афғонистон, сиёсатмадорон ва коршиносони Тоҷикистону минтақа ифтитоҳ шуд.

Ҳамчунин, дар ин конфронс Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа, Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Рангин Додфар Сипанто, раиси ҳайъати машваратии Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, Аҳмад Валӣ Масъуд, яке аз роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва намояндагони давлатҳои Амрикову Русия иштирок доранд.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки намояндагони Толибон* низ барои иштирок дар конфрон даъват шуда буданд, аммо ҳеҷ яке аз намояндаи ин гуруҳ дар ҳамоиш иштирок надорад.

Дар назар аст, ки конфронси байналмилалии мазкур ду рӯз идома карда, дар он вазъияти амниятии Афғонистон ва минтақа, ташкили ҳукумати фарогир ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон баррасӣ карда шавад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.