“Рӯҳияи сангаршикан дошт”. Ёди вазири фарҳанге, ки фарҳангро вазири Тоҷикистон кард

Ҷашни 100-солагии Меҳрубон Назаров, собиқ вазири маданияти Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 26-уми ноябр дар Душанбе таҷлил гардид. Дар ин ҷашнвора чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу ҳунари тоҷик ширкат варзиданд ва ин солгард бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Толори Театри давлатии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ дар ин рӯз пур аз одам буд. Дар ошёнаи дуюми толор ҷавонони зиёде […]

Ҷашни 100-солагии Меҳрубон Назаров, собиқ вазири маданияти Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 26-уми ноябр дар Душанбе таҷлил гардид. Дар ин ҷашнвора чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу ҳунари тоҷик ширкат варзиданд ва ин солгард бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд.

Толори Театри давлатии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ дар ин рӯз пур аз одам буд. Дар ошёнаи дуюми толор ҷавонони зиёде рост меистоданд. Ҳама бо ҳавасмандии зиёд мунтазири оғози барнома буданд.

Ортиқи Қодир, ҳунарпеша ва наттоқи шинохта, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид ва рӯзгори сипаринамудаи Меҳрубон Назаровро қисса кард.

Обид Назариён, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, 100-умин солгарди Меҳрубон Назаровро аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҳният гуфта, аз корҳои мондагори собиқ вазири маданият ёдоварӣ кард.

Ҳамин тавр, Қозидавлат Қоимдодов, раиси Шабакаи “Оғохон”, аз рӯзгори Меҳрубон Назаров сухан ронда, гуфт, “мавсуф ҳеч гоҳ аз норасоии таъминоти маишӣ шикоят надошт, вале аз коҳиши маънавият дар кишвар нигаронӣ мекард”.

Ӯ таъкид намуд, “Меҳрубон Назаров ягона вазири маданияте буд, ки дипломатияи мадании кишварҳои ҷавоҳири шӯравиро ба ҳамдигар муаррифӣ менамуд”.

“Меҳрубон Назаров рӯҳияи сангаршикан дошт ва ноумедиро намепазируфт. Қалби бузургу меҳрубон дошт. Ӯ дар баҳор ба дунё омад ва дар баҳор аз олам даргузашт. Ӯ баҳорӣ буд.”, – гуфт Қозидавлат Қоимдодов.

Баъдан, филми мустанади “Меҳрубон Назаров” манзури бинандагон гардид. Ин мустанад ба таври кӯтоҳ ва мушаххас аз рӯзгори соҳибҷашн ҳикоят мекард ва давраи вазири маданият будани мавсуфро ба тасвир мекашид.

Дар ин мустанад аз бунёдгузории Меҳрубон Назаров ишораҳо гардида, гуфта шуд, ӯ аз ташкилкунандаи факултаи санъати Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (соли 1967), Ансамбли рақсии “Лола” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон (соли 1965), Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (соли 1971), Донишкадаи санъату ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода (соли 1973), Театри мазҳакавию мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар Бохтар буд.

Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов ва Афзалшоҳ Шодиев – сарояндагони шинохтаи кишвар бо созу оҳанг аз Меҳрубон Назаров ёд карданд.

Пас аз ин, намоиши “Дасти дӯст” ва монологи “Гунаҳгорони бегуноҳ”, ки дар гузашта нақши онро шахсан Меҳрубон Назаров иҷро кардааст, манзури тамошобинон гардид.

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, санъатшиноси тоҷик, мақоми мадании қаҳрамони барномаро дар соҳаи санъат, тадрис ва роҳбарии ин бахш бисёр бузург ва мондагор шуморида, гуфт, мактаби мавсуф идома дорад ва роҳу равиши ӯ дар таҷрибаҳои имрӯза ба кор бурда мешаванд.

Ҳамчунин, Тиллои Некқадам, рӯзноманигор ва филмшинос, китоби маҷмӯи песаҳои мавсуф бо номи “Ёди ёри Меҳрубон”-ро рӯнамоӣ кард.

Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик, намоишномаи “Ҳалокати одат” аз рӯи таҳияи Меҳрубон Назаров ба саҳна гузошта мешавад.

Далер Назаров, сарояндаи номвар ва писари Меҳрубон Назаров, бо шӯру ҳаяҷони хоса ба саҳна баромад ва изҳори мамнунияти худро расонид.

“Падарам ҳама корашонро аз рӯи меҳр анҷом медод ва қалби тозазу беолоиш дошт. Ба ҳар нафаре, ки имрӯз ӯро дар қалбаш ҷой додааст, ташаккури зиёд мегӯям. Ва ин ҷашнвораро Гурӯҳи “Равшандилон” бидуни ҳеч кадом фармоишу дархосте ба роҳ мондаанд, сипос мегӯям ба ин гурӯҳ”, – гуфт дар саҳна Далер Назаров.

Далер Назаров оҳанги “Ту рафтию тасвири ту дар дидаи ман монд”-ро ба падараш бахшид ва чорабиниро созу навои мутантан ба поён расонд.

Ёдовар мешавем, ки 1-уми майи имсол Меҳрубон Назаров, яке аз хушномтарин вазири фарҳанги Тоҷикистон 100-сола шуд. Ӯ дар баҳори соли 1993, дар сахтарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, дар синни 71-солагӣ даргузашт. Шахсияте, ки як силсила корҳои бунёдиву ибтикороти стратегии бахши фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ба номи ӯ марбут аст.

Дар маводи зерин, метавонед, дар бораи нақш ва мақоми Меҳрубон Назаров дар фарҳанг ва ҷомеаи мадании  Тоҷикистон шинос шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.