Осорхонаи маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ боз мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Пас аз таъмиру навсозӣ маҷмааи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт дарҳои худро барои тамошобинон боз мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Носирҷон Абатов, намояндаи ширкати ҶДММ “Меъмор ва Сохтмон, ки масъули корҳои таъмиру таҷдиди иншооти мазкур аст, хабар дод.

“Пас аз анҷоми корҳо осорхона барои тамошо боз шуда, дар он тамоми ашёи марбут ба аввалин амири давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ гирдоварӣ хоҳад шуд”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон корҳои таъмиру навсозии қубурҳои обгузар ва низоми ҳавокаш дар дохили осорхона ба анҷом расида, корҳо дар атрофи осорхона идома доранд.

Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, осорхона соли 1999 – замони ифтитоҳи маҷмааи муҷассама таъсис дода шудааст. Экспонати асосии он нусхаи мақбараи Сомонӣ дар Бухоро маҳсуб меёбад.

Аммо баъди ифтитоҳи муҷассама осорхона каме кор карда, сипас тамоман баста шуд ва тӯли ин солҳо кор намекард.

Сабаби кор накардани онро давоми ин солҳо на дар Вазорати фарҳанг ва на дар шаҳрдории пойтахт шарҳ надоданд.

Нақшаи тармим аз ҷониби ширкати “Саноатсоз” лоиҳакашӣ шуда, таъмири онро ҶСК “Меъмор ва сохтмон” ба уҳда гирифтааст. Интизор меравад, ки таъмир дар муҷассама то охири моҳи марти соли 2023 давом ёбад.

Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 ба муносибати таҷлили 1100-солагии ҷашни давлати Сомониён дар қисмати марказии Душанбе – майдони “Дӯстӣ” боз шуд.

Баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ – 13 метр аст ва он аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст. Муҷтамаи бошукуҳро Арки бузург аз сталактит, дар болои он тоҷи тилоӣ (диаметраш 5 метр) оро медиҳад. Баландии иншоот аз сатҳи майдон 43 м аст. Аз ду ҷониби муҷассама тасвири шерҳои биринҷӣ, рамзи устувории давлат ва кафили сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар гузошта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...