Хатои Мессӣ ва шукронаи Левандовский

Date:

Дирӯз, 30-юми ноябр дар Ҷоми ҷаҳон – 2022 дар гуруҳҳои “С” ва “D” рақобатҳо идома ёфтанд. Аз гуруҳи “С” тими Аргентина бо касби 6 хол ва ишғоли мақоми аввал ба марҳилаи дигарӣ роҳ ёфт. Ҳарчанд дар бозии охири худ Леонел Мессӣ, сардори аргентиниҳо ба хатогӣ роҳ додаву ҷаримаи 11-метраро ба ҳадаф расонида натавонист, аммо ду голи задаи ин тим имкон дод, ки онҳо бемушкили ғолиби гуруҳ шаванд. Роберт Левандовский, сардори тими Полша пас аз бохт аз он шукрона кард, ки ба даври дигар роҳ ёфтанд.

Дар гуруҳи “D” ҳам бозиҳо пуршавқ идома карданд. Фаронсаи пурмаҳорат бо ҳайати санҷиши вориди рақобат шуд ва ба дасти Тунис бозиро бохт, аммо ин ғалаба бозигарони Тунисро хурсанд накард, чун онҳо аз гуруҳ набаромаданд. Зеро тими Австралия, ки дар даври гузашта Тунисро мағлуб карда буд, тими Данияро низ мағлуб намуд ва роҳхат ба даври ниҳоиро соҳиб шуд.

Гурӯҳи “D”

Австралия 1:0 Дания

Дирӯз, 30-юми ноябр, дастаҳои мунтахаби Австралия ва Дания дар даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бозӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳарду тим дар қисми якуми бозӣ натавонистанд ҳисобро кушоянд.

Дар дақиқаи 60-ум бозигари Австралия Лекӣ ҳисобро боз кард ва ин ягона голи ғалабаовар барои ин тим шуд.

Тунис 1:0 Фаронса

Мунтахаби Тунис дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бар тими Фаронса пирӯз шуд — 1:0.

Бозӣ дар варзишгоҳи «Эдукейшн Ситӣ»-и "Ар-Райан" баргузор шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳисобро дар дақиқаи 58-ум нимҳимоятгари Тунис Ваҳбӣ Хазрӣ боз кард.  Антуан Гризманн, фаронсавӣ дар дақиқаи 90+8 гол зад, аммо пас аз баррасии видеоӣ гол лағв шуд.

Фаронсавиҳо аллакай ба плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 роҳ ёфтаанд. Тунис бо вуҷуди ғалаба ҷои сеюмро ишғол кард, аммо ба плей-офф роҳхат нагирифт.

Ҳамин тавр аз гурӯҳи “D” тимҳои миллии Фаронса ва Австралия ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Гурӯҳи “С”

Мексика 2:1 Арабистони Саудӣ

Мунтахаби Мексика дар бозии даври ниҳоии гуруҳӣ бар тими Арабистони Саудӣ пирӯз шуд.

Мексикоиҳо бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Ҳарду голи тими миллии Мексика дар нимаи дуввум зада шуд. Ҳамлагар Ҳенри Мартин ва нимҳимоятгар Луис Чавес голҳоро ба самар расониданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар охири бозӣ мексикоиҳо як голи дигар заданд, аммо ба далели мавқеъи дар ҳолати нобозӣ қарор доштан, гол лағв шуд.

Дар дақиқаҳои иловагии қисми дуюм футболбози Арабистони Саудӣ Ал-Давсарӣ як гол ба дарвозаи мексикоиҳо гол зад ва ҳисоби ниҳоиро 2-1 намуд.

Аргентина 2:0 Полша

Мунтахаби Аргентина дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар тими Полша бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи 974-и Давҳа баргузор гардид.

Ҳисобро дар дақиқаи 46-ум нимҳимоятгари аргентинӣ Алексис МакАллистер боз кард, дар дақиқаи 67-ум Юлиан Алварес голи дуюмро зад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамлагар Лионел Мессӣ дар дақиқаи 38-уми бозӣ ҷаримаи 11-метраро ба самар расонида натавонист.

Ҳамин тавр, тими миллии Аргентина 6 имтиёз ба даст оварда, аз зинаи аввал ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баромад. Полша низ 4 имтиёз ба даст оварда, ба даври 1/8 финал баромад.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон 2022 барои имрӯз, 1- уми ноябр

20:00. Хорватия – Белгия

20:00. Канада – Марокаш

00:00. Ҷопон – Испания

00:00. Коста-Рика – Олмон

Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...