Таркиш дар мадрасаи Самангони Афғонистон. Расонаҳо аз кушта шудани 35 нафар донишомӯз хабар медиҳанд

Имрӯз, 30-юми ноябр, дар мадрасаи “Ал-Ҷиҳодӣ”-и Самангон, дар шимоли Афғонистон таркиши шадид рух дод. Расонаҳои Афғонистон то ба ҳол аз марги 35 ва захмӣ гаштани 23 нафар иттилоъ медиҳанд. Ин инфиҷор вақти намози аср дар мадрасаи динии “Ал-Ҷиҳодӣ” рух дода, Абдулнафӣ Такур, сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон* онро таъйид кардааст. Ӯ ба хабаргузории “Afghanistan International” […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми ноябр, дар мадрасаи “Ал-Ҷиҳодӣ”-и Самангон, дар шимоли Афғонистон таркиши шадид рух дод. Расонаҳои Афғонистон то ба ҳол аз марги 35 ва захмӣ гаштани 23 нафар иттилоъ медиҳанд.

Ин инфиҷор вақти намози аср дар мадрасаи динии “Ал-Ҷиҳодӣ” рух дода, Абдулнафӣ Такур, сухангӯи вазорати умури дохилии Толибон* онро таъйид кардааст. Ӯ ба хабаргузории “Afghanistan International” гуфтааст, бар асари таркиш дар мактаби динии шаҳри Айбак дар Самангон дастикам 10 нафар кушта шудаанд.

Ба иттилои  “8-и Субҳ”, дар натиҷаи ин таркиш 35 нафар кушта ва 23 нафари дигар захмӣ шудаанд.

“Ба гуфтаи беморхонаи Айбак, ки захмиён ва ҷасади кушташудагон ба онҷо оварда мешаванд, аксари онҳо шогирдони мадраса мебошанд”, – менависад хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, пизишки бемористони музофотӣ ба хабаргузории “TOLOnews” гуфтааст, ки дастикам 15 кушта ва 27 захмӣ дар бемористон ҳастанд.

Расонаҳои Афғонистон навиштаанд, ки намояндагони Толибон пас аз таркиш мадрасаро муҳосира кардаанд ва иҷоза намедиҳанд, дар маҳалли таркиш аксу навор бигиранд.

Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, то ба ҳол масъулияти таркиш дар мадрасаро бар ӯҳда нагирифтааст.

Бояд гуфт, ки баъди ба даст овардани қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон, дар қаламрави ин кишвар пайваста ҳамлаҳои террористӣ сурат мегиранд. То ин дам ДОИШ-и Хуросон*, як шохаи афғонистонии созмони мамнӯи террористии “Давлати исломӣ дар Ироқу Шом”*, масъулияти аксари ҳамалоти террористӣ дар ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.