Гурӯҳи террористии ДОИШ аз марги пешвои худ хабар дод

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) рӯзи чоршанбе изҳор дошт, ки пешвои гурӯҳ Абӯҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ дар ҷанг кушта шудааст ва ба ҷойи ӯ таъин шудани роҳбари навро эълон кард, хабар медиҳад Al Arabiya. Гуфта мешавад, Ҳошимӣ “дар ҷанг бо душманони Худо” кушта шудааст. Ҳолатҳо ва рӯзи ҳалокати ӯ зикр нашудааст. Дар бораи ӯ маълумоти зиёд […]

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) рӯзи чоршанбе изҳор дошт, ки пешвои гурӯҳ Абӯҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ дар ҷанг кушта шудааст ва ба ҷойи ӯ таъин шудани роҳбари навро эълон кард, хабар медиҳад Al Arabiya.

Гуфта мешавад, Ҳошимӣ “дар ҷанг бо душманони Худо” кушта шудааст. Ҳолатҳо ва рӯзи ҳалокати ӯ зикр нашудааст. Дар бораи ӯ маълумоти зиёд нест: аввали соли равон роҳбари гуруӯҳ шуд, ироқӣ ва 42 сол дошт.

Гурӯҳ номи пешвои нави худро низ эълон кард – Абӯ ал-Ҳусейн ал-Ҳусейни ал-Қурайшӣ.

Пас аз пешрафтҳои босуръат дар Ироқу Сурия дар соли 2014, вақте ки ДОИШ қаламравҳои васеъро забт кард, “хилофат”-и худхонда зери мавҷи ҳамлаҳо фурӯ ғалтид. ДОИШ соли 2017 дар Ироқ ва ду сол баъд дар Сурия шикаст хӯрда, аммо бахшҳои хуфтаи ин гурӯҳ мисли пешин дар бораи ҳамлаҳо дар ҳарду кишвар идома дода, аз ҳамлаҳо ба дигар кишварҳои ҷаҳон хабар медиҳанд.

Пешвои пешини ДОИШ Абӯ Иброҳим ал-Қурайшӣ моҳи феврали соли равон дар ҷараёни рейди ИМА дар музофоати Идлиби шимоли Сурия кушта шуд. Пешвои аз ӯ пештар Абӯ Бакар ал-Бағдодӣ низ дар Идлиб моҳи октябри соли 2019 кушта шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.