Даргузашти Баҳодур Уроқов, хабарнигори СССР дар Хатлон

Хабарнигори ҳафтаномаи СССР дар вилояти Хатлон Баҳодур Уроқов, бар асари бемории ҷигар, дирӯз, 11-уми декабр, аз олам чашм пӯшид. Баҳодур Уроқови 41-сола солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори ҳафтаномаи СССР дар вилояти Хатлон фаъолият дошт. Ӯ тайи як моҳи охир аз бемории ҷигар ранҷ мекашид ва дар беморхонаи вилоятии ба номи “Бӯри Воҳидов” дар шаҳри Бохтар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Хабарнигори ҳафтаномаи СССР дар вилояти Хатлон Баҳодур Уроқов, бар асари бемории ҷигар, дирӯз, 11-уми декабр, аз олам чашм пӯшид.

Баҳодур Уроқови 41-сола солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори ҳафтаномаи СССР дар вилояти Хатлон фаъолият дошт.

Ӯ тайи як моҳи охир аз бемории ҷигар ранҷ мекашид ва дар беморхонаи вилоятии ба номи “Бӯри Воҳидов” дар шаҳри Бохтар бистарӣ буд.

Баҳодур Уроқов имрӯз, 12-уми декабр, дар зодгоҳаш, шуъбаи 4-и хоҷагии Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён, ба хок супорида шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум – ҳамскасбамон  Баҳодур Уроқов ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.