Миҷгона Самадова ва Шамшер Саидов дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тилло гирифтанд

Date:

Миҷгона Самадова ва Шамшер Саидов, ду муштзани тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, ки аз 5-ум то 10-уми декабр дар минтақаи Белоярски Русия баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин мусобиқа ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов бо иштироки варзишгарони Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон сурат гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг баромад намуда, то финал бар боксчиёни кишварҳои Беларус ва Русия дастболо шуд. Варзишгари тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар мизбони мусобиқа Евгения Лочканова (Русия) ғалаба ба даст овард.

Зимнан, Миҷгона Самадова соли гузашта низ дар ин мусобиқот ба гирифтани медали тило даст ёфта буд.

Дар ин муосбиқа ҳамчунин, ду варзишгари дигари тоҷик – Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни то 81 кг ҷойи сеюмро гирифта, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар муҳорибаи финалӣ миёни мардон, ки дар рӯзи охири мусобиқа баргузор гардид, Шамшер Саидов низ медали тилло ба даст овард. Ӯ дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67 кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирняк (Русия)-ро шикаст дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, ду варзишгари дигари тоҷик Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86кг ва Некрӯз Салимов дар вазни то 80кг сазовори медали нуқра ва биринҷӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Ҷоми 5-уми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...