Соли 2022 талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ аз Русия ба Тоҷикистон чандин маротиба зиёд шуд

Сервисҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ зиёдшавии талаботи парвозҳо аз Русия ба кишварҳои хориҷи наздикро нишон медиҳанд, хабар медиҳад РБК. Тибқи маълумоти “Туту.ру” ва OneTwoTrip, талаботи билетҳо ба Тоҷикистон чандин маротиба афзудааст. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон серталабтарин самтҳои парвози хориҷӣ барои русиягиҳо шудаанд, зикр мешавад дар маълумоти таҳлилии сервиси фурӯши билетҳои “Туту.ру”. Ба даҳгонаи аввали кишварҳо инчунин […]

Сервисҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ зиёдшавии талаботи парвозҳо аз Русия ба кишварҳои хориҷи наздикро нишон медиҳанд, хабар медиҳад РБК. Тибқи маълумоти “Туту.ру” ва OneTwoTrip, талаботи билетҳо ба Тоҷикистон чандин маротиба афзудааст.

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон серталабтарин самтҳои парвози хориҷӣ барои русиягиҳо шудаанд, зикр мешавад дар маълумоти таҳлилии сервиси фурӯши билетҳои “Туту.ру”. Ба даҳгонаи аввали кишварҳо инчунин Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Гурҷистон низ шомил шудаанд.

Ба Тоҷикистон ҳиссаи бештари мусофироне, ки аз Русия дар соли 2022 ба хориҷи кишвар парвоз кардаанд (17,22%) рост меояд. Дар муқоиса бо соли гузашта (4,89%) ин нишондиҳанда чандин маротиба афзудааст. Дар ҳамин ҳол, нархи миёнаи билет ба ҳар ду самт 11% боло рафта, имсол 27 ҳазору 611 рублро ташкил додааст.

Аз 10-гонаи аввал (Топ-10)-и самтҳои серталабтарин хатсайрҳоее низ ҳастанд, ки нархи миёнаи билет ба онҳо поин рафтааст: Қазоқистон (27% – то 31 ҳазору 063рубл), Беларус (25% – то 12 ҳазору 699 рубл ва Ӯзбекистон (11% – то 28 ҳазору 668 рубл).

Ба сурати умум ҳиссаи мусофирон дар бахши “Кишварҳои хориҷи наздик” дар соли 2022 ду баробар – аз 5,7% то 11,4% зиёд шудааст. Дар бахши “Кишварҳои хориҷи дур” низ чунин вазъият ба мушоҳида мерасад (аз 1% дар соли 2021 то 2% дар соли 2022). Ҳиссаи самти Аврупо аз 0,7% соли пешин то 0,5% кам шудааст.

“Чунин ҳолат ба он вобаста аст, ки хатсайрҳои мустақим ба кишварҳои хориҷи наздик бештар шуда, ҳиссаи онҳо ба Аврупо баръакс, ба таври назаррас кам шуд”, – зикр мешавад дар хабари сервис.

Афзоиши талаботи парвозҳо ба кишварҳои хориҷи наздик дар соли 2022 дар OneTwoTrip низ зикр мешавад. “Масалан, талаботи билетҳо ба Тоҷикистон зиёда аз чор баробар (дар соли 2021 ҳиссаи фармоишҳо 2,9%-ро ташкил дода буд) ва Қазоқистон – панҷ баробар (соли 2021 – 1,1%) афзуд”, – хабар додаанд ба РБК дар хадамоти матбуоти ин ширкат.

Бино ба маълумоти ширкат, серталабтарин самти хориҷӣ Арманистон бо ҳиссаи 18,4%, Туркия – 14,6% ва Тоҷикистон – 11,9% шудаанд.

Дар даҳгонаи аввал инчунин Қирғизистон (10,9%), Ӯзбекистон (6,7%), Қазоқистон (5,8%), Озарбойҷон (4,7%), Беларус (3,9%), АМА (3,6%) ва Таиланд (2,0%) зикр шудаанд.

Ширкати хидматрасонӣ ҳамчунин ба афзоиши босуръати талабот ба билетҳо ба кишварҳои ҷудогона – Сингапур (20 баробар), Ҷопон (17 баробар), Таиланд (14 баробар), Малайзия (13 баробар) ва Индонезия (12 баробар) таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Дар умум соли 2022 ҳиссаи парвозҳои байнулмилалӣ дар талаботи умумӣ 11% ва парвозҳои дохилӣ – 89%-ро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти ба РБК расида аз ширкати хидматрасонии “Купибилет”, дар соли 2022 аз рӯи фурӯши билетҳо ба хориҷи кишвар Туркия (ҳиссааш – 23%) дониста шудааст. Ба даҳгона инчунин: Арманистон (15%), Ӯзбекистон (8%), Қирғизистон (8%), Озарбоҷон (7%), Тоҷикистон (6%), Қазоқистон (5%) ва Беларус (4%), АМА (4%) ва Исроил (2%) дохил шудаанд.

“Нисбат ба соли гузашта дар соли 2022 нархи билетҳо ба хориҷи кишвар 66% ва парвозҳои дохилӣ – 18% боло рафтаанд. Бо вуҷуди ин, талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ зиёд шуд”, – зикр кардаанд дар ширкат.

Aviasales низ миёни парвозҳо ба хатсайрҳои хориҷӣ Туркияро самти серталабтарин номидааст. Дар ҳамин ҳол, худи ҳисса аз 28% дар соли 2021 то 19% дар соли 2022 коҳиш ёфтааст. Ба панҷгонаи аввал инчунин АМА (6% пас аз 4%-и соли пешин), Таиланд (3% нисбати 1%), Гурҷистон (3%, ҳисса тағйир наёфтааст) ва Исроил (3%) шомил шудаанд. Ин ҷо сари муқоисаи маълумот дар бораи фармоишот (брон) аз 1 март то 10 декабр дар солҳои 2021 ва 2022 сухан меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.