Миҷгона Самадова ва Шамшер Саидов дар Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тилло гирифтанд

Миҷгона Самадова ва Шамшер Саидов, ду муштзани тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, ки аз 5-ум то 10-уми декабр дар минтақаи Белоярски Русия баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин мусобиқа ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов бо иштироки […]

Миҷгона Самадова ва Шамшер Саидов, ду муштзани тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, ки аз 5-ум то 10-уми декабр дар минтақаи Белоярски Русия баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин мусобиқа ба хотираи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов бо иштироки варзишгарони Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Беларус, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон сурат гирифт.

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг баромад намуда, то финал бар боксчиёни кишварҳои Беларус ва Русия дастболо шуд. Варзишгари тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар мизбони мусобиқа Евгения Лочканова (Русия) ғалаба ба даст овард.

Зимнан, Миҷгона Самадова соли гузашта низ дар ин мусобиқот ба гирифтани медали тило даст ёфта буд.

Дар ин муосбиқа ҳамчунин, ду варзишгари дигари тоҷик – Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни то 81 кг ҷойи сеюмро гирифта, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар муҳорибаи финалӣ миёни мардон, ки дар рӯзи охири мусобиқа баргузор гардид, Шамшер Саидов низ медали тилло ба даст овард. Ӯ дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67 кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирняк (Русия)-ро шикаст дод.

Ҳамчунин, ду варзишгари дигари тоҷик Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86кг ва Некрӯз Салимов дар вазни то 80кг сазовори медали нуқра ва биринҷӣ шуданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Ҷоми 5-уми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.