“Сомон Эйр” ба Исломобод хатсайр боз мекунад

Иттилоияи расмӣ

Интиқолдиҳандаи ватанӣ ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” 13 декабри соли 2022 нахустин парвозро аз Душанбе ба Исломобод анҷом дод.

Дар ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо «Сомон Эйр» тасмим дорад парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав хоҳад буд.

Соли ҷорӣ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 30 сол пур шуд ва ифтитоҳи хатсайри мустақим дар ин соли архунда басо рамзӣ буда, бевосита ба таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, Душанбе ва Исломобод фарқияти замонӣ надошта дар як минтақаи вақт қарор доранд, ки ин албатта барои мусофирон хеле қулай мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе то Исломобод 90 дақиқа буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737 – 800/900 сурат мегиранд.

Ширкати "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад.

Парки ширкати "Сомон Эйр" аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Бехатарӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои ширкат мебошанд ва дар айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...