Аз “Зинаҳои дӯзах”-и Ато Ҳамдам то “Аз Ховар то Бохтар”-и Муъмин Қаноат. Китобҳои соли 2022 эълон шуданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Китоби чанд шоиру нависанда ва публисисту мутарҷими тоҷик дар як озмуне, ки имрӯз, 15-уми декабр Вазорати фарҳанг таҳти унвони “Китоби сол-2022” дар бахшҳои гуногун баргузор кард, ҳамчун китобҳои беҳтарини соли 2022 эътироф гардидаанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар бахши назм китоби “Ҳаҷми нигоҳ”-и Давлати Раҳмониён ҳамчун китоби беҳтарини соли 2022  эълон шуд. Китобҳои “Боғ дар оғӯши борон”-и Сафари Амирхон ва “Орзуи сабз”-и Абдулқаҳори Мӯсо дар ин номинатсия сазовори ҷойҳои дуввум ва сеюм гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар бахши наср, китоби “Зинаҳои дӯзах”-и Ато Ҳамдам ҳамчун китоби беҳтарин насри соли 2022 эълон гардид. Ду китоби дигар дар ин бахш, “Чароғи нигоҳ”-и Сайдаҳмади Зардон ва “Ҳар давру ҳар мард”-и Тоҳири Маҳмадризо дар ҷои дуввум ва сеюм қарор гирифтанд.

Китоби “Дастовез”-и Абдулҳамид Самад дар бахши асарҳои публисистӣ ҳамчун китоби беҳтарини соли равон  эълон гардид. Ду китоби дигар дар ин бахш, “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик”-и Абдураҳмон Абдуманнонов ва “Офтобе дар миёни сояе”-и Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ сазовори ҷойҳои дуввум ва сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи асарҳои назми адабиёти бачагона китоби “Машқи ҳисоб”-и Ҷӯра Ҳошимӣ ва дар номинатсияи асарҳои насри бачагона китоби “Саги кӯр”-и Маҷид Салим ҳамчун китобҳои беҳтарини соли 2022 дар ин бахшҳо эътироф шудаанд.

Китоби “Ширангубин”-и Раҳмат Назрӣ ва китоби “Қанди додо”-и Нуруллоҳи Ориф дар бахши асарҳои назми бачагона ва китобҳои “Тӯй дар беша”-и Гулчеҳра Маҳмадиева (бо забони русӣ ва англсисӣ) ва “4+4”-и Бежани Ризо (ТҶБ “Истиқбол”) дар бахши асарҳои насрии бачагона сазовори зинаҳои дуввуму сеюм гардиданд.

Тарҷумаи “Аз Ховар то Бохтар”-и Муъмин Қаноат дар бахши асарҳои тарҷумаи бадеӣ ҳамчун китоби беҳтарини соли 2022 эътироф гардид.

Осори Саттор Турсун “Шабе дар роҳ” дар тарҷумаи Амонбой Ҷумаев “Бер кеча йӯлда” сазовори ҷои дуюм ва “Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон” дар тарҷумаи Саломат Исобоева дар ин наминатсия соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ғолибон бо диплом, мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанги баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта китоби «Сипоҳи сухан»-и Беҳрӯзи Забеҳулло дар номинаи китоби назм ва «Кайфар»-и Дилвари Мирзо дар номинаи китоби наср ҳамчун китоби соли 2021 эълон гардида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...