Соли 2023 хидмати ҳарбии пулакӣ ва сиёҳ кардани шишаи мошин қимат мешавад

Дар пайи зиёд шудани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар бархе пардохтҳои ҳатмӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ шурӯъ аз соли 2023 гарон мешавад. Аз ҷумла, соли оянда арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ ва иҷозаи сиёҳ кардани оинаи мошинҳо дар Тоҷикистон қимат хоҳад шуд. Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 6,25% афзоиш ёфта, аз 64 сомонии ҳозира […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар пайи зиёд шудани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар бархе пардохтҳои ҳатмӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ шурӯъ аз соли 2023 гарон мешавад. Аз ҷумла, соли оянда арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ ва иҷозаи сиёҳ кардани оинаи мошинҳо дар Тоҷикистон қимат хоҳад шуд.

Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 6,25% афзоиш ёфта, аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад. Дар асоси ин тағйирот, акнун ҷавононе, ки намехоҳанд ба артиш раванд, метавонанд бо пардохти 28 ҳазору 560 сомонӣ ва омӯзиши якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. То ҳол онҳо бо пардохти 26 ҳазору 880 сомонӣ метавонистанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд: фарқият 1 ҳазору 680 сомонӣ.

Бояд гуфт, ки дар асоси тағйиру иловаҳое, ки соли 2021-ум ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ворид гардид, ҷавонон метавонанд, бо пардохти 420 нишондиҳанда (ҳоло як нишондиҳанда 68 сомонӣ) барои ҳисобҳо ва омӯзиши якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Қаблан, дар давъати тирамоҳии соли гузашта 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ ва дар даъвати баҳории соли равон 1200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро анҷом дода буданд.

Ҳамин тариқ, иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳои соли истеҳсоли то 2005 ва аз он боло аз 5 ҳазору 376 сомонӣ қаблӣ то 5 ҳазору 712 сомонӣ боло меравад.

Соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31 декабри соли 2004, бояд аз 1 январи соли оянда 4 ҳазору 420 сомонӣ пардохт кунанд. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки иҷозаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои соҳибони мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 ва аз он боло 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо арзиш дорад.

Иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба муҳлати як сол дода мешавад. Аз соли 2010 инҷониб маблағҳои аз ин ҷамъшуда ба суратҳисоби махсуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд. Чунин иҷозатномаро аз шуъбаҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (РБДА) гирифтан мумкин аст.

Бо вуҷуди гирифтани иҷозатнома оинаи пеши мошин бояд рӯшан бошад: танҳо 20 сантиметри болоиро сиёҳ кардан мумкин аст.

Аз соли 2000 то соли 2010 дар Тоҷикистон сиёҳ кардани оинаи мошинҳо мамнӯъ буд. Мақомот инро "ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ" марбут медонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.