Орд арзон шуд. Сабаб чист ва то кай идома меёбад?

Давоми як ҳафтаи охир орд дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуда, дар баъзе минтақаҳо арзиши он барои як халта то 50 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Коршинсон сабаби арзоншавии ордро ба афзоиши воридот ва истеҳсоли он вобаста медонанд.   Як чаканафурӯши орд дар бозори “Деҳқон”-и пойтахт имрӯз, 15-уми декабр, зимни суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ҳоло як халта […]

Давоми як ҳафтаи охир орд дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуда, дар баъзе минтақаҳо арзиши он барои як халта то 50 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Коршинсон сабаби арзоншавии ордро ба афзоиши воридот ва истеҳсоли он вобаста медонанд.  

Як чаканафурӯши орд дар бозори “Деҳқон”-и пойтахт имрӯз, 15-уми декабр, зимни суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ҳоло як халта орди воридотии навъи якум (50 кг) 290 сомонӣ арзиш дорад. Ҳафтае пеш он 325 сомонӣ фурӯхта мешуд. Яъне, дар Душанбе як халта орди навъи якум нисбат ба ҳафтаи қабл, ҳудуди 35 сомонӣ арзон шудааст.

Фурӯшандагони орд дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд низ аз раванди арзоншавии орд иттилоъ доданд. Чанде аз фурӯшандагони орд гуфтанд, имрӯз як халта орди навъи якум тақрибан 50 сомонӣ арзон шуда, 265-270 сомонӣ нарх дорад. Қаблан дар ин бозор як халта орд 320-330 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Тоҷикрони шаҳри Панҷакент мегӯянд, ки ҳоло як халта орди навъи якум 280 сомонӣ нарх дорад. Пештар дар бозорҳои ин шаҳр як халта орд 330-340 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар бозорҳои шаҳр Бохтар бошад, нархи як халта орди навъи якум 285-295 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳафтаи гузашта дар бозорҳои ҷануби кишвар як халта орд 305-310 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Дар ВМКБ, ки аз марказ каме дуртар ҷойгир буда, аксари маводи ғизоӣ аз Душанбе расонида мешавад, нисбат ба дигар манотиқи кишвар нархи орд гаронтар аст ва як халтаи он 330-340 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Омили аслии арзоншавии орд чист?

Сабаби аслии арзоншавии орд дар бозорҳои кишварро таҳлилгарон ба ду омил вобаста медонанд: афзоиши воридоту истеҳсол ва коҳиши содирот.

Як коршиноси тоҷик, ки нахост номаш зикр гардад, дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфт, сабаби асосии арзоншавии орд ба таносуби мусбати воридоту содироти орд ба кишвар ва афзоиши истеҳсоли он вобаста аст.

“Сабаби асосӣ фаровонии истеҳсоли орд дар дохили Тоҷикистон ва воридоти бештари он аст. Омили дигаре, ки таъсири худро гузошт, ин коҳиши содироти орд аз кишвар мебошад. Чун мо қаблан ба баъзе кишварҳои ҳамсоя орд содирот мекардем ва ҳоло онро қатъ ё ба таври назаррас кам намудем”, – гуфт ин коршинос.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки раванди арзоншавии орд то кай идома меёбад ва дар ин хусус, коршиносон низ аз пешгӯӣ худдорӣ мекунанд. Одатан, бо оғози мавсими кишоварзӣ нархи маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла орд афзоиш меёбад.

Қаблан мақомот сабаби поинравии нархи маҳсулоти асосии хӯроквориро зиёдшавии захира ва воридоти онҳо ва фарорасии мавсими ҷамъоварии ҳосил рабт дода буданд.

Талабот ва воридоти орд ба кишвар

Ҳамасола аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 2 миллион тонна гандум ниёз дорад, ки тақрибан нисфи онро тавлидоти дохилӣ таъмин мекунад. Дар ин баробар, истеҳсоли гандум дар кишвар кариб 1 млн. тонна гуфта мешавад.

Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, давоми 10 моҳи соли 2022 ба кишвар наздик ба 45 ҳазор тонна орд ба маблағи беш аз 15,9 млн доллар ворид шудааст.

Дар ин давра, ба кишвар 700 ҳазор тонна гандум бо арзиши 236,5 млн доллар ворид гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.