Фейк. Ҳушдори ВКД аз қаллобоне, ки бо истифода аз номи “Газпром” аҳолиро фиреб мекунанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо нашри як эълон ба аҳолӣ ҳушдор дод, ки ба навори тарғиботӣ оид ба ҷудо гардидани маблағ аз ҷониби ширкати русии “Газпромнефт” ба сокинон Тоҷикистон бовар накунанд.

Ба таъкиди ин ниҳод чунин навор “аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ… дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва “Инстаграм” нашру паҳн мешавад”.

“Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд”, – ҳушдор додааст ВКД.

Дар навори таблиғотие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давоми беш аз як моҳ мечархад, гуфта мешавад, ки раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва парлумони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микросармоявиро оғоз намудаанд, ки баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ки “акнун дар асоси ин барнома ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонд, ки то 3 ҳазор доллари америкоиро дар як моҳ ба даст биёранд”.

Ба таъкиди онҳо кафили барномаи мазкур парлумон ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, даромади муътадил ва зиёдро барои ҳар як иштирокчӣ ё шаҳрванд кафолат медиҳанд.

Дар идомаи навори мазкур чанд нафар, ки чеҳраашон ба тоҷикон монанд несту онҳо ҳамчун иштирокчиён-шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд, дар робита ба натиҷаи ҳамкориашон бо ин барнома сухан мекунанд.

Яке аз онҳо ки чеҳраи туркӣ дорад, мегӯяд бо гузашти чор моҳ ӯ тавонист соҳиби хона шавад. Маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ба ин барнома шомил шуда, аз кадом даромад соҳиби хона шудааст. Ба эҳтимоли зиёд навор аз дигар платформаҳо гирифта ба ин навор пайваст (монтаж) шудааст.

Чанд нафари дигар бо чеҳраи славянӣ дар бораи соҳиби мошину хона шуданашон суҳбат мекунанд, вале маълум нест, ки дар асоси кадом ҳамкорӣ ва даромад онҳо соҳиби чунин дороӣ гардидаанд.

Қаллобон дар поёни навор ба истифодабарандагон линки сомонаро пешниҳод мекунанд ва таъкид менамоянд, ки муфассалтар аз он метавон маълумот пайдо кард. Вале вақте ба ин сомона ворид мешавед, дар робита ба мушаххасоти барномаи мазкур ҳарфе нест.

Сомона бо номи “Оҷонсии консалтингии Тоҷикистон” оро дода шуда, дар он гӯё хидматрасониҳое мисли таҳияи ҳуҷҷат ва кӯмаки ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.

“Шарти асосие, ки ба “Газпром” имкони афзоиши пардохтҳоро медиҳад, ин вазъияти хеле мувофиқ дар тиҷорати газ дар Аврупо дониста мешавад. Нархҳо дар маркази TTF тақрибан 260 доллар барои як ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳанд, ки баландтарин аз соли 2018 ба ҳисоб меравад”, – гуфта шудааст дар сомона.

Ҳамчунин, дар он бахши алоҳидаи хидматрасониҳо мавҷуд аст ва вақте ба онҳо пахш мекунед, ҳамаи онҳо ба бахше мебаранд, ки бояд маълумоти шахсии хеш, аз ҷумла ному насаб ва рақами телефони худро бояд ворид кунед.

Дар зер ҳамчунин рақамҳои телефон ва почтаи электронӣ низ ҷой карда шудааст, вале рақам ва почтаи электронӣ кор намекунанд.

Иттилои номувофиқ, суроғаҳои нодуруст ва  навори пур аз иштибоҳу дигар камбудиҳо дар навору сомона далели он ҳастанд, ки он аз сӯи қаллобон омода гардида, ҳадафшон танҳо ба даст оврадани маблағи ҳангуфт бо роҳи фриеб аст.

Дар гузашта ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата” ва шахсиятҳое, чун шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ сокинонро фиреб медоданд.

Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои фейкие мечархад, ки гӯё бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия 12 ҳазору 130 рубли русӣ кӯмаки пулӣ дода мешавад. Дастандакорони ин фейк аз истифодабарандагон хоҳиш мекарданд, ки барои гирифтани маблағ 830 рубл (комисияи интиқол) пардохт карда, рақами корти бонкии худро ворид кунанд. Санҷиши мо маълум кард, ки ин иттилоъ фейк аст.

Дар робита ба ин фейк низ мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун дар бораи боздошти ягон нафаре бо иттиҳоми даст доштан дар сохтан ва паҳн кардани ин силсилаҳои қаллобӣ гузориш нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...