Садҳо ҳазор дар Аргентина пирӯзии тими миллиашонро дар Чемпионати ҷаҳон ҷашн мегиранд

Ҳукумати Аргентина рӯзи 20 декабрро ба ифтихори ҷашн гирифтани пирӯзии тими миллӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 истироҳати умумимиллӣ эълон кард. Дастаи миллиро дар Буэнос-Айрес бо сафороии чемпионӣ истиқбол мекунанд, хабар медиҳад Sport-express.ru. Рӯзи якшанбе, 18 декабр мунтахаби Аргетина тими Фаронсаро дар бозии финалӣ мағлуб намуда (3:3, пеналти – 4:2), тайи 36 соли охир […]

Ҳукумати Аргентина рӯзи 20 декабрро ба ифтихори ҷашн гирифтани пирӯзии тими миллӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 истироҳати умумимиллӣ эълон кард. Дастаи миллиро дар Буэнос-Айрес бо сафороии чемпионӣ истиқбол мекунанд, хабар медиҳад Sport-express.ru.

Рӯзи якшанбе, 18 декабр мунтахаби Аргетина тими Фаронсаро дар бозии финалӣ мағлуб намуда (3:3, пеналти – 4:2), тайи 36 соли охир бори сеюм унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Қаблан тими Аргентина солҳои 1978 ва 1986 ба ин унвон соҳиб шуда буд.

Лионел Месси аввалин шуда Ҷоми ҷаҳонии футболро болои сар бардошт: то имрӯз яке аз далелҳои асосии мунаққидони футболбоз, ки бисёриҳо ӯро беҳтарин бозигари таърихи футбол меноманд, ин буд, ки мегуфтан ӯ унвони қаҳрамони ҷаҳонро надорад. Аммо ҳоло Мессии 35-сола соҳиби ин унвон аст ва худи ӯ ҳам мусобиқаро беҳамто гузаронид ва дар ҳама марҳилаҳои он, аз ҷумла ду маротиба дар финал ба задани гол ноил гардид.

Садҳо ҳазор нафар сокинони Арентина ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд, то ки пирӯзии тими миллиашонро, ки ҳанӯз аз замони бозии Марадона онро интизорӣ доштанд,  ҷашн гиранд. Таваҷҷуҳ кунед.

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.