Иброҳим Усмонов: Институти шарқшиносии Русия ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад

Пешниҳоди ба номи Бобоҷон Ғафуров гузоштани Институти шарқшиносии Русия дирӯз, 19-уми декабр, дар маҳфили Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов матраҳ гардид. Иброҳим Усмонов таъкид кард, ки академик Бобоҷон Ғафуров яке аз асосгузорони илми шарқшиносӣ дар Русия аст. “Олимону шарқшиносони бузурги рус ҳам нақши Бобоҷон Ғафуровро дар дигарбора эҳё кардани Институти шарқшиносӣ […]

Пешниҳоди ба номи Бобоҷон Ғафуров гузоштани Институти шарқшиносии Русия дирӯз, 19-уми декабр, дар маҳфили Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов матраҳ гардид.

Иброҳим Усмонов таъкид кард, ки академик Бобоҷон Ғафуров яке аз асосгузорони илми шарқшиносӣ дар Русия аст.

“Олимону шарқшиносони бузурги рус ҳам нақши Бобоҷон Ғафуровро дар дигарбора эҳё кардани Институти шарқшиносӣ бузург зикр кардаанд. Ҳоло ин иститут ба номи касе нест. Умед мекунем, ки Институти шарқшиносӣ дар Русия ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад, зеро он кас яке аз асосгузорони илми шарқшиносии ин кишвар аст”, – афзуд Иброҳим Усмонов.

Гуфтан ба маврид аст, ки Бобоҷон Ғафуров пас аз барканорӣ аз симмати роҳбарии Тоҷикистони шӯравӣ дар соли 1956 ба маснади роҳбарии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ баргузида шуд ва дар ин курсӣ ӯ то поёни умр, яъне 21 сол фаъоият намуд.

Ҳамчунин, дар ин маҳфил хидматҳои Бобоҷон Ғафуров дар нигориши таърихи тоҷикон мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Адабиётшинос ва сиёсатшиноси тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки осори Бобоҷон Ғафуровро таҳқиқ намудааст, низ дар ин нишаст ҳузур дошт ва гуфт, ки “агар таълифи китоби “Тоҷикон”-ро Бобоҷон Ғафуров неву ҳар нафари дигар мекард, шояд ҷонашро аз даст дода буд, аммо шахсият ва мавқеи он кас ҷони худ ва миллати тоҷикро раҳонид”.

Ин нуктаро Иброҳим Усмонов низ таъкид намуд. Ӯ гуфт, Бобоҷон Ғафуров хатари ин навъ таърихнависиро амиқ дарк мекард, зеро шоҳид буд, ки сиёсатмадорон ва як гурӯҳ олимон дар солҳои бистуми асри ХХ халқи тоҷикро мардуми ғайримуқим ва бегона меҳисобиданд ва барои ташкили давлати тоҷикон муқобил буданд.

“Ҳамаи роҳбарони бумии 13 соли аввали давлати Тоҷикистон, ба мисоли Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Абдулло Раҳимбоев ба гуноҳи “миллатчии буржуазӣ”, “муборизони таъсис додани Ҷумҳурии Тоҷикистони бузург”, “ҷосуси империализм” муттаҳам ва кушта шуданд”, – гуфт Иброҳим Усмонов.

Аз ин лиҳоз, хидматҳои Бобоҷон Ғафуров барои исботи вуҷуди миллати тоҷик ва мардуми бумӣ будани ин халқ дар як радиф бо талошҳои Садриддин Айнӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Бобоҷон Ғафуров 31-уми декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967) мебошад.

Соли 1997 Бобоҷон Ғафуров ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Бобоҷон Ғафуров 12-уми июли соли 1977 аз олам даргузашт ва ҳоло турбати мавсуф дар оромгоҳи “Лучоб” дар Душанбе қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.