Садҳо ҳазор дар Аргентина пирӯзии тими миллиашонро дар Чемпионати ҷаҳон ҷашн мегиранд

Asia-Plus

Ҳукумати Аргентина рӯзи 20 декабрро ба ифтихори ҷашн гирифтани пирӯзии тими миллӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 истироҳати умумимиллӣ эълон кард. Дастаи миллиро дар Буэнос-Айрес бо сафороии чемпионӣ истиқбол мекунанд, хабар медиҳад Sport-express.ru.

Рӯзи якшанбе, 18 декабр мунтахаби Аргетина тими Фаронсаро дар бозии финалӣ мағлуб намуда (3:3, пеналти – 4:2), тайи 36 соли охир бори сеюм унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Қаблан тими Аргентина солҳои 1978 ва 1986 ба ин унвон соҳиб шуда буд.

Лионел Месси аввалин шуда Ҷоми ҷаҳонии футболро болои сар бардошт: то имрӯз яке аз далелҳои асосии мунаққидони футболбоз, ки бисёриҳо ӯро беҳтарин бозигари таърихи футбол меноманд, ин буд, ки мегуфтан ӯ унвони қаҳрамони ҷаҳонро надорад. Аммо ҳоло Мессии 35-сола соҳиби ин унвон аст ва худи ӯ ҳам мусобиқаро беҳамто гузаронид ва дар ҳама марҳилаҳои он, аз ҷумла ду маротиба дар финал ба задани гол ноил гардид.

Садҳо ҳазор нафар сокинони Арентина ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд, то ки пирӯзии тими миллиашонро, ки ҳанӯз аз замони бозии Марадона онро интизорӣ доштанд,  ҷашн гиранд. Таваҷҷуҳ кунед.

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...