Мураббии маъруф Игор Черевченко метавонад “Истиқлол”-ро ба роҳбарӣ гирад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусоҳиба ба нашрияи “Спорт-Экспресс” муррабии маъруфи футбол Игор Черевченко изҳор доштааст, ки ба кор дар дастаи қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе таваҷҷуҳ дорад.

“Вақти бозии Русия бо Тоҷикистон ба ин кишвар рафта будам. Ҳоло ягон пешравие нест. Ба он ҷо гузаштан мехоҳам? Он ҷо марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҳаст, ки аллакай шавқовар аст! Чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки футбол дар Осиё дар ҳоли рушд аст. Дар мусобиқаи Лигар қаҳрамонҳои Осиё худро санҷидан мароқовар аст”, – гуфтааст Черевченко.

Мутахассиси 48-сола ахиран дар дастаи “Химки” кор мекард. Аз моҳи феврали соли 2022 бекор аст. Агенти ӯ айни замон бо чанде аз дастаҳо гуфтушунид дорад, ки “Истиқлол” низ яке аз вариантҳост.

“Пас аз 10 январ маълум мешавад”, – овардааст гуфтаҳои мураббиро портали тоҷикистонии sports.tj.

Ноиби президенти дастаи футболи “Истиқлол” Муҳсин Муҳаммадиев таъини имконпазири Черевченкоро ба ҳайси сармурабии даста чунин шарҳ додааст:

“Ҳоло дар ин бора ҳарф задан барвақт аст. Баъди 3-4 рӯз шояд чизе маълум шавад, аз ин беш чизе гуфта наметавонам”, – гуфтааст Муҳаммадиев.

Сухангӯи “Истиқлол” Рустам Ҳакимов изҳор намудааст, ки даъвати Черевченко ба даста имкон дорад, лекин аввал ба мувофиқа расидан лозим аст.

“Агар раҳбарияти даста чунин тасмим биград, ҳатман хабар медиҳем”, – изҳор намуд Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, аввал бо шартҳои қарордоди имконпазир шинос шудан зарур аст.

Айни замон марҳилаи плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳо Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дошта, танҳо тирамоҳ мусобиқаи нав оғоз мегардад. То ин вақт дастаро, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон соҳиб шуда, ба ин мусобиқа роҳхат гирифт.а, омода кардан лозим аст.

Игор Черевченко дар шаҳри Душанбе дар оилаи собиқадори футболи Тоҷикистон, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва капитани дастаи “Помир” Геннадий Черевченко  таваллуд шуда, дар ҳамин шаҳр ба воя расидааст. Игор Черевченко аз соли 1992 ба бозӣ дар дастаи “Помир” шурӯъ намуда, то соли 1992 дар ин даста ҳанарнамоӣ кард. Дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон низ бозӣ мекард.

Игор Черевченко ҳар сол ба Тоҷикистон омада, мусобиқа байни кӯдакон ба хотири ёдбуди падараш – Геннадий Черевченкоро баргузор мекунад. Тавре ки худаш иқрор шудааст, замони сармурабии дастаҳои Русия буданаш низ футболи Тоҷикистон аз мадди назараш дур намондааст. Бо футболбозон ва мурабиёни тоҷик робита дорад. Аз ин рӯ, ба фазои футболи Тоҷикистон дохил ва мутобиқ шудан ба он барои ӯ душворӣ нахоҳад дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...