Мансабдори рус, ки бар зидди муҳоҷирон изҳороти тунд мекард, дар тирпаронӣ захмӣ шудааст

Дмитрий Рогозин, собиқ муовини сарвазири Русия ва роҳбари собиқи идораи коиноти Русия (“Роскосмос”), ки бо баёнияҳои зидди муҳоҷиронаш маъруф аст, дар пайи тирпаронӣ дар меҳмонхонае дар Донетск захмӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории “РИА новости” бо такя ба ёрдамчии Рогозин хабар дода гуфтааст, ки захм ба ҷони Рогозин хатаре надорад, вале як нафар дар ин […]

Дмитрий Рогозин, собиқ муовини сарвазири Русия ва роҳбари собиқи идораи коиноти Русия (“Роскосмос”), ки бо баёнияҳои зидди муҳоҷиронаш маъруф аст, дар пайи тирпаронӣ дар меҳмонхонае дар Донетск захмӣ шудааст.

Дар ин бора хабаргузории “РИА новости” бо такя ба ёрдамчии Рогозин хабар дода гуфтааст, ки захм ба ҷони Рогозин хатаре надорад, вале як нафар дар ин ҳодиса ҷон бохтааст.

“Ҳамчунин, ҳароҳони ӯ низ захмӣ шудаанд”, – гуфтааст ёрдамчии Рогозин.

Дмитрий Рогозин, яке аз мансабдоронест, ки чанд маротиба бо изҳороти тунд бар зидди муҳоҷирон баромад кардааст. Аз ҷумла, замоне, ки ӯ муовини сарвазири Русия буд, барои аз назар гузаронидани қатораи Душанбе-Москва ба сарҳади Русия ва Қазоқистон ногаҳон пайдо шуд ва иддао кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия тариқи нақлиёти роҳи оҳан шиносномаҳои дохилӣ, шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи баҳрнавардӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба марзбонони Русия пешкаш менамоянд.

Ин изҳорот боиси сару садои зиёд гардид ва ВКХ Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ, онро маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ номид, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.