ВКХ: Маъракаи зиддитоҷикӣ ҳадафҳои сиёсӣ дорад

ASIA-Plus


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз  тайи чанд ҳафтаи охир аз ҷониби ВАО-и Русия роҳандозӣ шудани маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Дар изҳороти Вазорат дар ин робита зикр мегардад, ки «тааҷҷубовар аст, ки дар ин маъракаи иттилоотӣ як қатор мансабдорони сохторҳои давлатӣ, арбобони шинохтаи ҷамъиятӣ ва илмии Русия ҷалб гардида, тариқи ВАО-и ин кишвар афкори аз ҳақиқат дур, тӯҳматомез ва таҳқиркунандаро паҳн менамоянд».

«Ҳамин тариқ, муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин ногаҳон барои аз назар гузаронидани қатораи Душанбе-Москва ба сарҳади Русия ва Қазоқистон пайдо шуда, ҷараёни тафтиши вагонҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии Россия пахш мегардад. 20 апрели 2013 дар барномаи «Вести в субботу»- и шабакаи «Вести 24» Д. Рогозин арз намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия тариқи нақлиёти роҳи оҳан шиносномаҳои дохилӣ, шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи баҳрнавард ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба марзбонони Русия пешкаш менамоянд. Чунин изҳороти мансабдори баландпояи ҳукумати Русия аз ҳақиқат дур мебошад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ба ҳамин монанд, 18 апрели соли равон аз ҷониби роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русияи Думаи давлатии он кишвар В. Жириновский дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Россия» нисбат ба президенти Тоҷикистон ва миллати тоҷик суханҳои таҳқиромез ва носазо садо дод, ки чунин кирдору гуфтаҳои шахсиятҳои шинохташудаи сиёсии Русия ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвар мухолифат мекунад.

«Дар ин бӯҳрони ҳангомасозӣ 23 апрел дар барномаи «Специальный корреспондент»- и шабакаи телевизионии «Россия» намоиши навбатӣ – таҳти унвони «Шайтан поезд», ки ба мавзӯи вазъи қатораҳои Душанбе-Москва бахшида шуда буд, пахш гардид. Баъд аз ин намоиш иштироккунандагони он, ки намояндагони Думаи Давлатии Русия, сиёсатмадорону коршиносони ин кишвар буданд, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби иштироккунандагони барнома масъалаи ворид намудани реҷаи раводидӣ барои Тоҷикистон, пурзӯр намудани назорат аз болои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра пешниҳод гардид», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар ВКХ ҶТ ба он таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, ки бо вуҷуди он, ки дар Русия зиёда аз 13 млн. муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои гуногун фаъолият доранд, иштироккунандагони ин барнома муғризона бештар таваҷҷӯҳи худро ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик равона карда буданд.

«Бо назардошти гуфтаҳои боло, чунин ба назар мерасад, ки маъракаи густурдаи иттилоотии бар муқобили Тоҷикистон эълоншуда, ҳадафҳои сиёсии дигар дорад», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар робита ба ин 23 апрели соли 2013 Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Ю. Попов ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуда, ба ӯ

ёддошти эътирозии

ҷониби Тоҷикистон супурда шуданд.

Ҳамчунин дар иҷлосияи навбатии ахири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти манфии чанде аз мансабдорони Русия нисбати Тоҷикистон ба унвони Думаи давлатии Русия

муроҷиатнома қабул шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...