СБМ: Ҳудуди 500 ҷабрдида аз хариду фурӯши одамон тӯли 6 сол

Аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) ҳудуди 500 нафар ҷабрдидагон аз ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон тӯли 6 соли ахир муайян карда шуданд. Мушовири СБМ оид ба мубориза зидди хариду фурӯши одамон Гулчеҳра Иброҳимова ба журналистон дар ин робита хабар дод, ки тӯли солҳои 2006-2012 аз ҷониби кормандони созмони мазкур 469 нафар қурбонии хариду […]



Аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) ҳудуди 500 нафар ҷабрдидагон аз ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон тӯли 6 соли ахир муайян карда шуданд.

Мушовири СБМ оид ба мубориза зидди хариду фурӯши одамон Гулчеҳра Иброҳимова ба журналистон дар ин робита хабар дод, ки тӯли солҳои 2006-2012 аз ҷониби кормандони созмони мазкур 469 нафар қурбонии хариду фурӯши одамон муайян карда шудаанд, ки 258 нафарашонро занони синнусоли аз 14 то 47 сола ва 211 нафарашонро мардони синнусоли аз 14 то 60-сола (миёни онҳо 90 напрашон ноболиғон) ташкил медиҳанд. Аз ин шумор ба 263 нафар дар шелтерҳо (паноҳгоҳ) кӯмак расонида шудааст.

«Айни замон бо мусоидати СБМ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд барои мардону занон яктогӣ паноҳгоҳҳо фаъолият мекунанд, ки дар як вақт метавонанд 6-12 нафарро қабул намоянд»,- иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, аз моҳи апрел идоракунии ин паноҳгоҳҳо ба дӯши созмонҳои шарики СБМ – Ташкилоти ҷамъиятии «Фемида» дар Душанбе ва Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» дар Хуҷанд вогузор шудааст. «Аксаран ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон ба Русия бурда мешаванд, дар 35%-и ҳолатҳо қурбони ғуломии шаҳвонӣ гардида, дар 40%-и ҳолатҳо ба корҳои маҷбурӣ ҷалб мешаванд», – гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон аз 254 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон (ҳамин давраи соли 2012 – 533 ҷиноят) пешгирӣ шудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и КҶ ҶТ дар ин давра 5 парвандаи ҷиноӣ (ҳамин давраи соли 2012 – 6 парванда) ва тибқи моддаи 130, дараҷ. 1 (Хариду фурӯши одамон) 1 парвандаи ҷиноӣ (семоҳаи аввали соли 2012 – 3 парванда) боз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.