То ахири ҳафта обуҳавои ноустувор боқӣ мемонад

То 29-уми апрел дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор боқӣ монда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд. Аз дар саросари кишвар ба мушоҳида расидани шамоли пуршиддат эҳтимоли зиёд меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боридани борон бо раъду барқ ва жола дар назар аст. Дар рӯдхонаҳои Яхсу, Қизилсӯ, […]


То 29-уми апрел дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор боқӣ монда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд. Аз дар саросари кишвар ба мушоҳида расидани шамоли пуршиддат эҳтимоли зиёд меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боридани борон бо раъду барқ ва жола дар назар аст. Дар рӯдхонаҳои Яхсу, Қизилсӯ, Оби Хингов ва рӯдхонаҳои маншаъгиранда аз нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор болоравии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Аммо, ба иттилои манбаъ, дарҳол пас аз рӯзи 29-уми апрел обуҳавои офтобӣ дар назар буда, тадриҷан ҳарорати ҳаво гарм мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.